Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

Ҷоизаи Сино барои рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот

19 июн 2013, 10:01

Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2013 шудааст. Ин ҷоиза ҳар сол дар бахши илму техника супурда мешавад.

Академик Қароқулов дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, соҳаи чорводорӣ кор карда, тамоми фаъолияташро ба омӯзиши хусусиятҳои биологӣ ва хоҷагидории чорвои гӯштӣ бахшида шудааст.

Оқои Қароқулов ҳоло узви Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон аст. Ӯ қабл аз интихоботи президентии соли 2006 Ҳизби кишоварзиро асос гузошта, дар ҳамин интихобот бо Эмомалӣ Раҳмон барои курсии президентӣ талош варзид, аммо шикаст хӯрд.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, Ҳизби кишоварзии Амир Қароқулов ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Олим Бобоев “ҳизбҳои ёрирасон” барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ буданд. Иддаое, ки аз сӯи муассисони ин ҳизбҳо рад мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хаминхелхо холо хам дар паруломони кишвар фаъолият доранд, тавба. Дар ин синну сол бояд дар сахни хавли, болои кат чои кабуд нушида, истирохат кунад, зеро ягон манфиате аз ин гуна тоифа яъне намояндгони ба ном "халк" дар парлумон нест !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хубаш ба ин "фарзанди фарзонаи миллат" кахрамони Точикистон диханд, чунки ракиби алохазрат мебошанд ва ин худ хизмати бузурге барои миллати точик дар рохи рушди демократия бехтарини асри 21 мебошад. Урра-Урра урра урра, зиндабод, зиндабод, зиндабод, зихи зихи, Зихи, офарин, офарин, офарин, ба пеш!!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!