Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 апрел 2017, 16:16

Муоинаи Зайд Саидов бе ҳузури вакилони дифоъ гузашт

19 июн 2013, 11:01

Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ки дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад, аз муоинаи табибон гузаштааст.

Аммо Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи оқои Саидов, гуфт, муфаттишони парванда табиби хусусии нафари таҳти ҳимояташро напазируфта, балки худашон ӯро аз ташхиси табибон гузарондаанд. “Зайд Саидов рӯзи душанбе (17 июн), ҳангоми бозпурсӣ, ба мо гуфт, ки табибон ӯро ташхис карда, барои дармонаш дору навиштаанд. Баъдан мо он доруҳоро харидорӣ карда, ба ӯ бурдем”,-афзуд мусоҳиби мо.

Вале оқои Қудратов гуфт, натиҷаи ташхиси табибон барояшон рӯшан нест, чун онҳо дар ҷараёни муоинаи нафари таҳти ҳимояташ ҳузур надоштанд.

Чанде пештар Зайд Саидов дар номае ба наздиконаш аз вазъи сиҳҳати худ шикоят карда гуфтааст, дарди меъдааш ӯро азият медиҳад ва ба кумаки фаврии табибон ниёз дорад.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!