Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:07

Садамаҳои маргбор дар Хоруғ, Варзоб ва Ҷомӣ

19 июн 2013, 11:47

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари сониҳаи нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ ду нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои ин манбаъ дар шаҳри Хоруғ автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz» таҳти идораи ронанда Абдуласан Муродасенов ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Шуғнон ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба автомашина тамғаи «ВАЗ-21099», ронандааш Тоҳир Шириншоев бар мехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «ВАЗ-21099» ва мусофираш Соибҷамол Махсумова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ҳалок мегарданд.

Инчунин БДА мегӯяд, тайи ҳафтаи сипаригашта чандин садамаҳои нақлиётии дигари маргбор рух доданд. Аз ҷумла дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ автомошинаи тамғаи «Opel Vectra» таҳти идораи ронанда Абдусамад Боев ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Мирзообод ба дарахти канори роҳ бар мехурад, ки дар натиҷа худи ронанда ва мусофири дохили автомашина Назира Бобоева ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Варзоб автомашинаи тамғаи «Opel Astra» таҳти идораи ронанда Абдуғафор Ҳакимов ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар километри 46-ум ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Daewoo Leganza» ронандааш Нурулло Насруллоев бар мехурад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Daewoo Leganza» ва мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Opel Astra» Тоирҷон Расулов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Ба иттилои шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ бештари садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби риоя накардани оддитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда, баромадан ба самти муқобили ҳаракат, рух медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!