Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:28

Русия боз панҷ муҳоҷири тоҷикро “депортатсия” кард

19 июн 2013, 12:15

Русия панҷ муҳоҷири тоҷикро, ки субҳи 19-уми июн аз Душанбе ба Маскав ва Екатеринбург парвоз карданд, аз фурудгоҳ бозпас гардонд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Русия ба онҳо далели бозпас фиристодани муҳоҷиронро “нақзи қонун” номидаанд.

Ба иттилои манобеи Хадамоти муҳоҷират, ин афрод -- Қудратулло Қодиров, Абдуваҳҳоб Бӯриев, Мирзохӯҷаи Карим, Мӯсо Мӯсоев ва Анвар Сафаров мебошанд. “Тибқи қонунгузории Русия ба муҳлати се сол барои онҳо ворид шудан ба қаламрави ин кишвар манъ шудааст”,-афзуд манбаъ.

Субҳи 18-уми июн низ 17 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Нижний Новгороди Русия фаъолият менамуданд, аз қаламрави ин кишвар ихроҷ гардиданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳамватанони гиромӣ!
Борҳо ва сари вақт, аз ҷумла дар саҳифаҳои ФБ, гуфта будам ва боз такрор мекунам:
Қонунҳо дар Русия аз 1 январи имсол нисбати ба низом даровардани раванди муҳоҷират сангин шудаанд!
Тарафи Русия сари вақт ба сохторҳои марбутаи Тоҷикистон, Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар ин кишвар ва Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, дар бораи ин тағиротҳо иттилоъ додаанд ва хоҳиш кардаанд, ки сари вақт ба шаҳрвандонашон расонанд, ки дигар ҳар нафари бо камтарин айб муҷозот шуда, ба муҳлати аз 3 то 5 сол ба Русия роҳ дода намешавад!
Ду рӯз пеш, банда ва ҷойнишини сардори УФМСи Русия дар Маскав ҷаноби Азаров Н.П. дар радиои "Комсомолская правда" ба саволҳои шунавандагон посух гуфтем. Аз ҷумла нисбати афзудани шумораи ихроҷшудагон ("депортатсия" неву муваққатан берун карда мешаванд. Депортатсия ҷазои вазнин аст). Аз тоҷикон дида шаҳрвандонӣ Ӯзбакистон бисёртар ихроҷ шудаанд!
Раҳбарияти ФМС Русия на як бору ду бор шахсан ба худам гуфтаанд, ки "мо нисбати тоҷикон эҳтироми бештар дорем. Илтимос кӯшиш кунед, ки онҳо дар чорчӯбаи қонун фаъолият кунанд".

Яъне, мушкилот дар муҳоҷирони корӣ ва ё тарафи Русия нест!
Мушкилот дар масъулони тарафи Тоҷикистон аст, ки мардумро аз навовариҳо дар қонунҳои Русия огоҳ намекунанд!
Тарафи Русия ҳоло танзими раванди будубоши хориҷиёнро (на танҳо тоҷиконро!!!) ҷиддӣ гирифтааст ва бояд кишварҳои ихроҷкунандаи қувваи корӣ низ ин навовариҳоро пайгирӣ кунанд ва сари вақт дар фикри пуштибонии шаҳрвандонашрн бошанд!

Аз сабаби он, ки тарафи Тоҷикистон ба ҷои илоҷи воқеа фақат сангпартоиро ба суи шариконаш раво мебинад, ҳолатҳои ба Русия роҳ надодани муҳоҷирон бештар мешаваду камтар не!
Панҷ чӣ, ҳоло ҳамарӯза қариб аз ҳама фурудгоҳҳои Русия, чанд нафарӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро бармегардонанд!
Тассавур кунед, ки муҳоҷирӣ бечора маҷбур мешавад бо пули қарз 4-5 ҳазор километрро ба ду тараф беҳуда тай мекунад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Абдулло Давлатов, лутфан мегуфтед,ки пеш сафар, чи хел маълум кардан мумкин аст,ки шахси сафараки, дар руйхати сиехи УФМС хаст, е не? Ман медонам,ки баъзехо барои ин холатро аник намудан, ба макомотхои дахлдори РТ мурочиат карданд, вале он чо ба онхо гуфтанд, ки онхо дар ягон руйхат нестанд, вале баъди парвоз ба Новосибирск ва е Красноярск онхоро ба ватан баргардонданд. Илтимос чавоби аники фахмо дихед. Пешаки ташаккур.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!