Бахшҳо

Боздиди кори Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Файзобод

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз ноҳияи Файзобод дидан кард.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, ҷаноби Раҳмон дар маросими ба истифода додани чанд иншоот ширкат карда дар маркази ноҳия бо сокинони Файзобод мулоқот дошт.

Боздиди кории президент аз деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Мискинобод бо шиносоӣ бо парвариши картошкаи тухмӣ дар КВД ба номи Абдувоҳид Назиров оғоз ёфт.Тавре зикр гардид, аз 746 га замини корами ин корхона 528 гектараш обӣ аст. Картошка дар майдони 65 га кишт карда шудааст. Дар тамоми ноҳия, ки дорои 3700 га замини обӣ аст, дар майдони 300 гектар картошка кишт карда шудааст.Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сатҳи ноҳияву ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои ба ҳазор гектар расондани майдони кишти картошка дар ноҳияи Файзобод тадбирҳо андешида, амалӣ намоянд.

Дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод бо иштироки президент як мактаби дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 1240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ба иттилои масъулин, мактаб дар зарфи ду сол бо харҷи беш аз 10 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд сохта ва бо асбобу ашё ва таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, қисми зиёди ин маблағ қарзи имтиёзноки Бонки исломии рушд, боқӣ саҳми ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод сарвари давлат бо кори ибратбахши хоҷагиҳои деҳқонӣ аз наздик шинос шуд. Тавре аён гардид, аҳли заҳмати ин хоҷагиҳо истифодаи босамари заминҳои обӣ, аз ҷумла кишти такрориро хуб ба роҳ монда, аз он самараи дилхоҳ мегиранд. Бобои Аҳмад Бердиеви 88 сола низ, ки иштироккардаи ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва маъюби гурўҳи якум мебошад, бо фарзандону наберагон дар 4 га замин хоҷагии деҳқонӣ созмон дода, вақти бештари худро дар майдонҳои кишт мегузаронад. Бобои Аҳмад мегӯяд, кор дар саҳро ва тарзи солими ҳаёт ба ў қуввату дармони ҷавонӣ мебахшад.

Бо иштироки президент дар маркази ноҳия осорхона як чойхонаи миллӣ ифтитоҳ ёфт.Зимни боздид аз осорхонаи ноҳиявӣ Эмомалӣ Раҳмон бо осори таърихии шаҳри бостонии Вашгирд ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шуд.Чойхонаи миллӣ бошад, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наврўз Бобиев бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, толори асосии он дар ошёнаи дуюм дорои 130 ҷойи нишаст мебошад.Ошёнаи якумаш бошад, дорои толори бозиҳои гуногуни варзишӣ ва толорҳои дилхушӣ аст.Дар боғи марказии ноҳияи Файзобод Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори аҳли заҳмати ноҳия мулоқот намуд.Миёни сарвари давлат ва сокинони ноҳияи Файзобод маҳфили ошкору самимии пурсишу посух сурат гирифт.  Зимнан, соҳибкори маҳаллӣ Акбар Ҳакимов  ӯҳдадорӣ гирифт, ки дар ноҳияи Файзобод як корхонаи бузурги ресандагӣ ва як мағозаи фурўши тухму гўшти мурғ ифтитоҳ менамояд.

Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаҳои мавҷуда ва иҷрои дархостҳои имрўзаи мардум то охири соли равон татбиқи лоиҳаи расондани оби нўшокӣ ва тармиму навсозии беморхонаи марказӣ ба поён мерасад ва барои барқарор намудани 40 чоҳи амудии обкашӣ лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия ва қабул хоҳад шуд, то ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон маркази лизингии техникаи кишоварзӣ бо 10 адад техникаи нав ба кор шурӯъ хоҳад кард. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)