Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:49

Тоҷикистон аз Чин 35,1 млн. доллари дигар қарз гирифт

19 июн 2013, 12:26

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 19 июн созишномаи қарзии имтиёзнок миёни ин кишвар ва “Эксимбонк”-и Чинро ба имзо расонд.

Бар асоси ин созишнома “Эксимбонк” ба Тоҷикистон 35,1 миллион доллар қарзи имтиёнок хоҳад дод.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии тарҳи созишнома дар парлумон гуфт, ин маблағ барои барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар-500 кВт равона хоҳад шуд. Ба қавли вазир, барои татбиқи лоиҳаи мазкур 35,1 миллион долар қарзи имтиёзнок аз ҷониби “Эксимбонк” ва 1,8 миллиони дигар аз ҷониби ширкати “Барқи Тоҷик” пардохта мешавад.

Гуфта шуд, ки зеристгоҳи барқии Регар-500 кВт соли гузашта дар пайи офати табиӣ зарар дида, дар ҳоли ҳозир дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Парвиз

  • 19 июн 2013 13:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайронам ки ин карзро кай бар мегардонад ? Ба фикрам Помиро ба Хитой мефурушан бад аз он аз карз халос мешаванд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
это к хорошому не привидет
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи ин карзхоро ба гардани халк бор карданианд дар охири кор. Ин карзхо як кисмаш ба кисаи баъзе аз "хукуматдорон" меравад, ба хар хол мардум дар охир как всегда зарар мебинанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!