Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:02

Адвокат Димонро аз саркардаҳои олами ҷиноии Бадахшон хонд

19 июн 2013, 15:15

Файзи Олӣ, вакили мудофеи Димон Ашӯров, ки дар вилояти Бадахшон бо номи қаблияш -- Давлатбек Давлатбеков машҳур аст, ӯро яке аз фаъолону саркардаҳои олами ҷиноии Бадахшон хонда, ҳукми додгоҳро нисбат ба ӯ ҳатто сабук арзёбӣ кард.

Файзи Олӣ рӯзи 19-уми июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, нафари таҳти ҳимояташ зимни тафтишот бисёре аз ҷиноятҳои вазнинро аз ӯ пинҳон доштааст: “Димон Ашӯров бояд ба ман тамоми ҳаракатҳои содиркардаашро баён мекард, то аз нигоҳи ҳуқуқӣ роҳи наҷоти ӯро пайдо мекардам. Ҳатто агар ҷиноятҳои сангин ҳам содир мекард, бояд аз ман пинҳон намедошт. Ин як маҳрам миёни адвокату ҳимояшаванда аст, қонун инро манъ накардааст. Аммо зерҳимояам маро ба гумроҳӣ бурд.”

Файзи Олӣ афзуд, "он айбе, ки мақомот алайҳи Димон эълон карда буданд, аз сад айбаш ҳатто як айбашро ҳам ташкил намедиҳад. Дар ҳоле, ки мо худамонро дар хатар гузошта мақомоти тоҷикро интиқоди шадид мекардем, алайҳи айбдоркунандаи давлатӣ гапҳои сахт мегуфтем ва адолати судиро зери суол бурдему талош мекардем, бегуноҳии зерҳимояаамонро нишон диҳем. Аммо баъдан одамони огоҳи Бадахшон далоил оварданд, ки зерҳимояам аз фаъолони олами ҷиноии Бадахшон будааст.”

Ин вакили мудофеъ мегӯяд, зерҳимояаш дар убури ғайриқонунии марз, интиқоли силоҳ аз Афғонистон ва "доля"-гириҳо аз ронандагон даст доштааст, ки дар айбнома алайҳи ӯ эълон нашудаанд: “Ин аст, ки хешовандонаш ҳукми абадро интизор будаанд ва вақте ӯ 12 соли зиндон гирифт, хостанд, ки мо шикоятҳои кассатсионӣ набарем. Дар ҳоле мо талош мекардем, зерҳимояамон сафед шавад. Бармеояд моро ба гумроҳӣ бурдаанд. Бинобар ин барои мо ваҳдат, сулҳ ва ягонагии марзии Тоҷикистон аз ҳимояи як шахс муҳимтар аст.”

Додгоҳи Олии Тоҷикистон аввали моҳи май Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, ду сокини шаҳри Хоруғро, ки тобистони соли гузашта боздошт шуда буданд, барои 12 ва 14 сол равонаи зиндон карда ва марҳилаи кассатсионӣ ин ҳукмро ахиран бетағйир боқӣ гузошт. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев мутаносибан 13 ва 15 соли зиндон талаб кардааст. Ин ду сокини Хоруғ дар ҷиноёти вазнине амсоли «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», «бетартибиҳои оммавӣ», ва «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат» айбдор мешаванд.

Димон Ашӯров, яке аз афроди наздик ба Имомназар Имомназаров, собиқ пешвои ғайрирасмии Бадахшон дониста мешавад, ки тобистони соли гузашта, зимни амалиёти мақомоти қудратӣ дар Хоруғ боздошт гардид. Мавсуф бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, аммо аз ошёнаи дуюми бинои Раёсати корҳои дохилии вилоят худро партофта, ба беморхона афтид. Моҳи ноябри соли гузашта аз беморхона дар Хоруғ фирор карда, барои табобати пойҳояш ба шаҳри Урумчии Чин рафта буд. Аммо тибқи созишномаи Тоҷикистону Чин моҳи январи соли равон ба Душанбе истирдод шуда дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад.


Дар акс: Димон Ашӯров (Давлатбек Давлатбеков)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!