Бахшҳо

Сайид Қиёмуддини Ғозӣ: “Раҳбари шоиста набояд аз танқид тарсад”

Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, рӯҳонии тоҷик, ращбари кишвареро, ки манофеи миллиро аз манфиатҳои шахсиву ҳизбӣ боло медонад, як бахши пешрафти кишвар донистааст.

Ӯ дар ин маврид дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои “Мисбоҳ” (торнамои хонаводагияш) посух гуфта, афзудааст, “бояд шахсе идораи кишварро ба ӯҳда дошта бошад, ки аз ҳаргуна интиқод истиқбол кунад, бо миллат робитаи хуб ва ҳасана дошта бошад, манофеи шахсӣ ва ҳизбии худро бар манофеи кишвар ва миллат муқаддам надорад.”

Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ҳамчунин озодиву истиқлол ва рӯҳониятро ду “неъмати дигаре барои пешрафти моддиву маънавии кишвар” унвон кардааст. Ӯ гуфта, ки “озодӣ ва истиқлолият бояд дар ҳамаи арсаҳои як кишвар ва ҷомеа ҳоким бошад. Ақшори мухталифи як ҷомеа бояд озодона ақида ва назари худро бидиҳанд ва агар лозим бибинанд нақд ва интиқод низ бикунанд, ки нақд ва интиқод сабаби пешрафт аст. Рӯҳониён ислоҳгар ва тармимдиҳандаи афкор, қалб ва иродаи миллатанд. Рӯҳоният, нақши асосиро дар ҷомеаҳо бояд дошта бошанд. Махсусан, ки ҷомеаи мо ҷомеаи динист ва мардумони мо ошиқи дин ва раҳбарони динии худ ҳастанд.”

Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар торнамои худ ба даҳҳо суоли корбарон дар мавриди шариату ахлоқ низ посух гуфтааст. Ин рӯҳонии тоҷик, ки солҳои охир аз саҳна канор рафтааст, ҳамчунин наворҳои суханронии худ аз оғози солҳои навадумро низ дар торнамоаш ҷо додааст.

Оқои Ғозӣ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Афғонистон зистааст. Торнамои "Мисбоҳ" менависад, "ҳоло эшон ба фаолиятҳои илмӣ машғул буда, ҳамакнун дар бисёре аз шаҳрҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ ва низ дар хориҷи кишвар ба фаолиятҳои илмӣ ва таблиғӣ машғулият доранд.”
Мӯҳр
Аминчон
Озодагон хеч аз таблиги шиахо даст накашиди да.Ин "хидматхоят" окибати хуб надорад.Фикри миллататро бикуну аз хидмати мазхаби бегона даст бикаш.Бин ин шиахоро дар Сурия ки чи гуна нисбат ба кудакони сунни берахманд.Боки хаволаатон ба Худованди Каххор.

Аминчон,

Shumo musulmonho hamdigaratona kushtanaton mondastu halos , tu shia , man suni ...balo ba pasi hardut nameshavad,ki mo musulmon , mo barodar gued!? "mazhabi begona " gufta chiro dar nazar dori ? tangnazari nakun shia barodari sunist , suni barodari shia ast. Jo hubtarash hamin raviyahoro ba nesti rasonand to fakat musulmon monadu halos!

РАҲМАТ БА БОБОИ ЭШОН!
Дуруст аст, ки имруз салафихо тамоми ханафихора шиъа мебароранд. Чаро ин кадар сол мо бо мардуми шарифи БАДАХШОН зиндаги доштем касе аз мо - ханафиён шиъа нагуфтем ва кофир хукм накардем.
Имруз ин бехирадон санг бар сари касе ки кабулашон надорад, мезананд?

асли савол ва ҷавоб ингӯна аст:
Савол: Ба назари шумо як миллат кай ба пешрафт ва тараққӣ мерасад? Донишҷӯ

Ҷавоб: Дар маҷмуъ ҳар кишвар ва миллат бояд аз се неъмат бархурдор бошад то ба пешрафт ва тарққии моддӣ ва маънавӣ дастёбад, ки набуди ҳар кудом адами таҳаққуқи он аст.

1. Озодӣ ва истиқлол: Озодӣ ва истиқлолият бояд дар ҳамаи арсаҳои як кишвар ва ҷомеа ҳоким бошад. Ақшори мухталифи як ҷомеа бояд озодона ақида ва назари худро бидиҳанд ва агар лозим бибинанд нақд ва интиқод низ бикунанд, ки нақд ва интиқод сабаби пешрафт аст. Истиқлолият бояд дар ҳамаи ҷиҳот ошкор ва ҳувайдо бошад. Истиқлолият дар сарзамин, истиқлолият дар сиёсат, иқтисод ва илму фанноварӣ.

2. Рӯҳоният: Рӯҳониюн, ислоҳгар ва тармимдиҳандаи афкор, қалб ва иродаи миллатанд. Рӯҳоният, нақши асосиро дар ҷомеаҳо бояд дошта бошанд. Инсон дорои ду буъд аст яке моддӣ ва дигари маънавӣ, ки маънавияти инсонро рӯҳоният таъмин мекунад. Албатта ин ба он маъно нест, ки рӯҳоният дигар аз фаолиятҳои моддӣ ва кишварӣ бегона ва хориҷ бошад. Ҳаёти маънавии як ҷомеаро рӯҳоният дар даст дорад. Махсусан, ки ҷомеаи мо ҷомеаи динӣ аст ва мардумони мо ошиқи дин ва раҳбарони динии худ ҳастанд.

3. Заомат ва раҳбарии сиёсии солим: Масъулин, коргарон ва дар раъси онҳо раисҷумҳур бояд заомати сиёсии солим ва салим дошта бошанд то кишвар, миллат ва ҷомеа пешрафт кунад. Бояд шахсе идораи кишварро бар уҳда дошта бошад, ки аз ҳаргӯна нақду интиқод истиқбол кунад, бо миллат робитаи хуб ва ҳасана дошта бошад, манофеи шахсӣ ва ҳизбии худро бар манофеи кишвар ва миллат муқаддам надорад. Бояд дар мафод ва манофеи кишвар ҳаракат кунад. Дар баробари зургӯии истикбори ҷаҳонӣ истиқомат кунад ва дар баробари онҳо аз кишвар ва миллаташ дифоъ кунад.

Мерубон
Аминчон,
Амин!! Дар СУрия пеш аз ҳамин нооромиҳо шиа ҳо ҳам будан сунниҳо ҳам, лекин ягон ҷангу хунрезӣ набду ҳами салафиҳо рафтан ҳамара но тинҷ кардан, ту камтар фикр кун ба гапзан. О ҳами салафӣ набуд, ки дили у мусалмона канда хурд ранги Ҳинди ҷигархор!!! Чашмота кушо дилта кушо дуруст бибин куо нашав

шогирд
дар Озодагон, озодӣ набудаст, навиштагии мана дишаб дарҷ накардед!!! дидед ки дар гапатон содиқу рост нестед.

murid
Дар ҳақиқат мардум душмани нодонии худ ҳастанд. ҳами эшони қиёмуддин кай шиа шудаст?? сомонаша рафта бинен. мушкили асоии вай ҳаминай ки чизе дар ҳаққуш бугуван хубу гагда ҳичи ҷавоб намета ба эҳтироми миллат. лекин ҳақиқата мега аз ҳақиқат наметарса ки ранги вай гурда дошт дурустай ки и насли нав намешносан наслҳои гузашта куҷо шидан ки аз ҳарими як мусалмон дифоъ кунан???
misboh.com

Сунни
Дар ин чо хама муридон пуштибони аз пирашон кардаанд ки ман фикр мекунам шояд аксарият ин хатарро дарк накардаанд.Лекин охиста охиста аз макри инхо мардуми точик огох шуда истодаанд.Ин шиахои Бадахшон бошанд аслан парвои хеч чиз надоранд .Барои шиа бародари мо набуданаш хамин кофист ки хазрати Оишаро тухмат мекунанд,сахобаро дашном медиханд,суннихоро кофир мегуянд ва гайра

Бетараф
Сунни,
Бародар аввалан ки дар ҳар мазҳаб пайравоне ҳастанд, ки ба ину он фаҳшу бадгуи мекунанд. дуюман ки гуфта аст, ки фаҳш ба Уммул муминин Оиша ва саҳобаҳо инсона кофир мекунад? магар сураи Таҳримро нахондаи Оиша ва Ҳафсаро танқид мекунад? Ки гуфта аст ки лаън ба саҳоба инсона кофир мекунад? Бисёре аз саҳоба муъмин буданд аммо кофир аз дунё гузаштанд. инҷо ҷои баҳс нест ва вақташ ҳа нест лекин хоҳиши мо ин аст, ки амтар диққат кунед куркурона нахонед. шумо меген ки шиаҳои бадахшон бе хабаранд, маълум мешавад, ки шиаҳои дигаре низ ҳастнад, ки бо хабаранд аз гапи шумо ҳамин мебарояд, значит шумо шиаеро мехоҳед ки бехабар ва бе парво бошад ва шиае, ки бо шумо истидлол кунад вай кофир ва мушрик аст??7 ин назара бахудат бугзор ва ба дигарон туҳмат назан. агар ба саҳоба фаҳш гуфтан куфр аст ба муъминин ҳам фаҳш гуфтан кур аст. ту аз куҷо медони ки Эшони Қиёмуддин шиа аст? Оё бо вай будаи? дидаи? ба шунидаҳоят иктифо накун рав таҳқиқ кун баъд тумат зан.
мебахшед маънои гапи Корбари Мисбоҳа нафаҳмидам мумкин аст шарҳ диҳед.

avvaalan eshoni sayeed qiemuddini ghozi shia nest ira borhovu borho guftaand !! duvvuman i statiyara da misboh taqriban 8 moh pesh gufta budan shumo ura bikhoned mefahmed ki ozodagon chkhel bad drugh in statiyaro navishta ast !!! HAR KISHVARE QONINE DORAD VA BA NAZARAM BOYAD TIBQI QONUN OZODAGON JAVOB GU BOSHAD !!!

."Барои шиа бародари мо набуданаш хамин кофист ки хазрати Оишаро тухмат мекунанд,сахобаро дашном медиханд,суннихоро кофир мегуянд ва гайра"
тафрика ва ихтилофоти мазхабхои ислом басо печида аст. мо точикон ин масоилро наметавонем халлу фасл кунем. шиъаро хак барорем ё сунниро ё исмоилиро ё вахобиро. мо як халки хамхуну хамзабону хамфарханги кухистонием ва ихтилофи мазхаби на бояд моро пора пора кунад. бе ин хам зиёд нестем. агар шиъаро барои эътироф накардани халифахои сунни ва хакорати Оиша кофир гуем пас барои катлу куштори авлоди Пайгамбар киро кофир гуем ???. шиъаён ку имомони хешро накуштанд. ва имруз ягон шиъаи точик ягон суннии точик ягон салафии точик он кудрати зехниро надорад ки дар ихтилофи таъихии шиъаву сунни нуктаи таммат гузорад. пас ботахаммул ва пазирои чандандеши бошем то ки чахон хаст точик боки монем, вагарна ин порчаи кучаки заминро низ аз зери поямон кашида мегиранду войвайло мемонем. ба хотири арвохи бузурги Рудаки Фирдавси Сино Носир Хофиз Саъди Аттор Санои Руми Хилоли Лохути Икбол Айни Миршакар, ки хамаги шиъа буданд ва Анвариву Унсури Низомулмулку Газоливу Чомиву Камолу Сайидову
Турсунзодаву Лоик ки хамаги сунни буданд тифоку дусту бародар бошем бароямон бехтар хохад буд..

hotam
murid,
мурид www.misboh.com сайи бобои эшонай?? раҳмат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)