Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:16

Бобоев дар бораи Ҳукумов, Атовуллоҳ ва маоши президент

19 июн 2013, 15:57

Ғулом Бобоев, раиси Раёсати адвокатҳои вилояти Хатлон, иддао дар бораи раҳоии Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, бар ивази озодии ду халабони як ширкати русро рад кардааст.

Оқои Бобоев дар гузашта аз ҳуқуқи Руденко ва Садовничий, ду халабони як ширкати русӣ, ҳимоят мекард, ки ду соли пеш аз сӯи мақомоти Тоҷикистон барои бидуни иҷоза фуруд омадан дар хоки ин кишвар боздошт шуда буданд.

Ин ҳарфҳои Ғулом Бобоев дар посух ба Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, гуфта шудаанд, ки дар як баромадаш дар телевизиони “К+” раҳоии писари Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳанро, ба раҳоои ду халабони ширкати русӣ марбут дониста буд. Ғулом Бобоев дар матлабе бо номи “Рустам Ҳукумов бо сарнишинони тайёра иваз нашудааст” дар нашрияи ҳукумати вилояти Хатлон гуфта, ки “дар ин қазия ягон бозии сиёсӣ набуд ва ин сухани Додоҷон Атовуллоев асоси воқеӣ надорад.”

Бино ба навиштаи ӯ, “ин нафарон мутобиқи се модда айбдор дониста шуда буданд. Дар муддати ҳашт моҳ - аз оғози мурофиа то тамомшавии он, ҳарчанд ба сафири Русия дар Душанбе хабар доданд, ягон нафари масъул пешашон наомада буд. Дар рафти тафтишот низ нисбат ба Рустам Ҳукумов ягон гап набуд ва зидди ӯ ҳам ягон гап нашуда буд. Баъд аз тафтишоти парванда суд ин сарнишинонро ҷавоб дод, вале Рустам Ҳукумовро баъд аз шаш моҳи ин кор адвокаташ раҳо кард. Онҳо агар иваз мешуданд, сараввал бояд Прокурори генералии Русия ба Ҳукумати Тоҷикистон мактуб ирсол мекард ва розигии моро мепурсид, аммо ин амал ҷой надошт.”

Дар идомаи ин суханонаш оқои Бобоев гуфтааст, он вақт сафири Русия ба ӯ таклиф карда буд, ки шаҳрвандии ин кишварро қабул кунаду нафақаи калон ба даст орад. “Ман ба дар ҷавоб як гап гуфтам: “Як порча замини Тоҷикистонро ба миллион давлати дигар намедиҳам”. Аммо Додоҷон ҳама чизро мегираду боз ба ҳамон парвандаи сарнишинон рабт медиҳад. Ин ҳама барои манфиати худаш аст. Ӯ барои фоидаи давлати тоҷикон ҳеҷ гоҳ гап намезанад”,-афзудааст раҳбари Раёсати адвокатҳои вилояти Хатлон.

Ӯ дар ин матлаби худ ҳамчунин аз интиқоди Додоҷони Атовуллоҳ нисбат ба кори ҳукумати феълӣ, бахусус раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, норозигии худро баён доштааст. Ӯ навишта, ки “табақбардори ҳеҷ кас нестам. Бо Президент чор сол кор кардаам. Раиси Кумитаи қонунгузорӣ будам. Ӯ дар ҳоле давлатро қабул кард, ки ҳеҷ кас инро бар уҳда нагирифт... Дар мавриди маоши Президенти кишвар, ки Додоҷон наҳ мезанад, 18 ҳазор доллар мегирад, гуфтаниам, ки маоши аз ҳама паст аз Президенти мо мебошад. Дигар президентҳо 45-50 ҳазор доллар ва бештар аз ин маош мегиранд... Дар масъалаи тӯйи Рустами Эмомалӣ гуфтаниам, ки наход падар дар тӯйи фарзанд ҳаққи иштирок надошта бошад, ҳа? Худи Атовуллоев фарзанд дорад-ку. Ӯ магар меҳмон даъват намекунад?”

Пахши тӯи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар телевизиони “K+” тавассути Додоҷони Атовуллоҳ вокунишҳоеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Дар пайи пахши ин навор мақомот дастрасӣ ба шабакаи Ютуб ва ҳамчунин торнамои “K+”-ро масдуд карда, нашрияҳои давлатӣ матолиби интиқодиеро алайҳи оқои Атовуллоҳ ба табъ расонданд.

Раҳбари ҷунбиши сиёсии "Ватандор" гуфта буд, ин навори тӯйро аз Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дастрас кардааст. Аммо Ғулом Бобоев дар нашрияи расмии ҳукумати Хатлон ин иддаоро дурӯғ номида ва гуфтааст, ки пас аз нашри ин матлаб оқои Атовуллоҳ метавонад ӯро низ ба одамкушӣ ва ё ҷинояти дигар муттаҳам кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точикбача

  • 19 июн 2013 16:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хакикатро бо доман пушонида намешавад !!!барои рустам хукумов рузи 20 декабр нашрияхои рус рахои принс рустамро хабар додан на ин ки шашмох зиёда аз хазор точик бечойи кор монд инаш дар гардани ки ? Ноадолатона нашрия газетаро 50 хазор штраф кардан.барои ин ки шунидани хакикат талх аст.
Посух додан
  • Eraji Vatanparvar

  • 19 июн 2013 17:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И Додочони миндик неки раниги Каяминики кинои Хомиён бдай пат руирост одамора ба чанг даъват кадесай. Мемри шукронаи и тенчиву ороми куни ё бо хаму солхои 1992-97 форидесата. Эмомали Рахмон кандша зана хами то охири умрша президенти кна хам ками мекна...
Посух додан
  • Мухочир

  • 19 июн 2013 17:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Биёед ин кадар азхуд фаришта насозед . Дар хакикат мардуми точик зиндагии хуб надоранд. Хама мардум дар Руссия бо чи азобхову машакатхо аз ватан дур, мехнат карда зиндагиашонро ба пеш бурда истодаанд. Касе агар кори Хукуматро зери танкид гирад, тез аз у душмани халк месозанд. Мо ба хулосае,омадем,ки агар дар Точикистон: ришваситони дар макомотхои давлати,бекори,бебарки,хешутаборбози,адола
т дар додгоххо, шиканча нисбати зиндониён,озодии баён,интихоботхои шаффоф ва г.х.зери назорати чиддии Раиси Чумхур, гирифта шаванд, боварии мардум ба ин Хукумат, сад дар сад зиёд мешаванд.
Дигар касе, чизе,ки гуяду нависад ,мардум ба у бовар намекунанд.
Ин фикри шахсии мо мухочирони точик аз Маскав мебошад.
Посух додан
  • диловар

  • 19 июн 2013 17:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як порча замини Тоҷикистонро ба миллион давлати дигар намедиҳам” пах рахмон ба хитой доду ту намедодаи
Посух додан
  • ФИРДАВС

  • 19 июн 2013 22:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бобоев саводи кофии юридики надоштай, барои хамин кори сарнишинхои рус давом дод Дар бораи Рустам Хукумов намедони ба кадом рох озод шудай чи гап мезани Дар мавриди чор сол коркардагит дар кумитаи конунгузори ана хамон конунхои кабул кардагит хута нафас каши намемона Бар зидди АТОВУЛЛО ягон далели асоснок биер ай файласуфи каданта адвакат
Посух додан
  • Мухочир

  • 20 июн 2013 00:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
3 милион точика гуломи халка бар гуш кардаед боз вохима доред хизо накашида дахана калуши бе размер барин х,уй мекунед.
Посух додан
  • Йигит

  • 20 июн 2013 08:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Цитата: Eraji Vatanparvar
дш

ХА-хааааааааа. лекин лакаби зураш мондед, ако. Каяминик аз филми Хомиён!!! Вокеан дуруст аст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаноби БОБОЕВ агар лиётчикхои рус бегунох буданд чаро боз доштед агр гунах доштанд чаро рахо кардед. аз ин амали шумо барин хукукшиносон хазорхо мардикори точик чабр дид теъдоди чамшуду рошан афзуд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Бобоев,шумо худатон нагз медонед,ки халабонхои Руссия чи гунох доштанд.Ва аксарияти мардум хам иноро медонад.Ин бозии сиеси буд.Вы просто пешка в этой игре и не надо пиарить себя так.
Посух додан
  • беном аз Кулоб

  • 21 июн 2013 08:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман инро гуфтаниам ки раисчумхур бояд истирохат кунад ва монад ки касе дигар кор кунад! одамон таъриф мекунанд ки се хазор гурезаро аз каламрави Афгонистон овардааст аммо се милион нафари дигар аз Точикистон рафта аст ба инаш чи мегуед?! боз, як линча орд дар кишвари хамсоя 14 долари амрикои а дар точикистона чанд пул меистад? бензин дар кишвари хамсоя Киргизистон се сомону хаштод дирами худамон аз таможении Точикичтон мегузарад ба панч сомонию дах дирам баробар мешавад, инашро чи мегуед? ба мисоли ин боз хазор тои дигар !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
18.000 доллар дар як мох? Ин аз маоши президенти россия кариб 10 баробар зиёдай ку ....У бача, ана ира иштихо меган....!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э бобоев аз худо тарсед то кай лаганбардори мекунед як руз не як руз аз вазифа мегирант бад чко мекни аз худо бтарсен ай президент не фардо рузи киёмат чи чавоб метен вой бар холтон у рузда дига президент начоттон намета бтарсен ай худо бас кунен подхалимира

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!