Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 17:53

Оташсӯзӣ дар манзили як сокини шаҳри Душанбе

16 июл 2011, 04:52

Дар хиёбони «Маяковский»-и шаҳри Душанбе аз сабаби бе назорат гузоштани асбобҳои барқӣ як манзили истиқоматӣ ва ашёҳои рӯзгор сӯхта корношоям гардид.


Тавре Рухшона Боева, муҳандиси шӯъбаи   сарраёсати ХДО-и ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, аснои таҳияи ғизо барои хонавода, аз тарафи соҳибхоназан Надежда Илина  дар ҳуҷраи 27-и кӯчаи номбурда, бино ба сабаби беназорат гузоштани асбоби барқӣ сӯхтор ба вуқӯъ пайвуаст. Алангаи оташ дар масоҳати 10 метри мураббаъ молу ашёҳои хонаро сӯхта корношоям гардонид.Ба  замми ин писари соҳибхона Владимир Илин аз алангаи оташ як қисми рӯй ва дастонаш ҷароҳат гирифтааст. Сӯхтори аз тарафи оташнишонон дар зарфи 30-дақиқа хомӯш карда шуд.
Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ зарари модии сӯхтор ҳудуди 1000 сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 22-ҳодисаи оташсӯзӣ ба қайд гирифта шуда, хисороти ворида ба 39 ҳазору 470 сомонӣ баробар аст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!