Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:04

Маҳкумияти се модари ҷавон барои “авбошӣ”

19 июн 2013, 16:29

Аз 5 ҷавонзани муттаҳам ба авбошӣ дар вилояти Суғд, 3 нафараш яксолӣ ба зиндон маҳкум шуда, зани чорум дар интизори ҳукм ва як нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Шӯҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи Хуҷанд хабар дода, афзуд, ки ҳукми зани 4- ум дар назар аст, ки 24-уми июни соли равон содир гардад.

Шуҳрат Аҳроров изҳор дошт, ки ин занҳо моҳи октябри соли 2012 дар клуби шабонаи “Хваканта” зимни қайди зодрӯзи як дугонаашон занозанӣ кардаанд: “Дар ин шабнишинӣ 23 зан ҳузур доштаанд ва дар паи муноқиша 2 нафарашон ба ҳавлии клуби мазкур баромада занозанӣ ва рӯйканию мӯйканӣ кардаанд. Ҳамон замон нисбати 2 нафараш парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми авбошӣ кушода шуда ба суд равон гардид. Зимни мурофиаю тафтишот муайян гардид, ки 3 нафар зани дигар низ дар ин ҷанҷол иштирок доштаанд ва нисбати онҳо низ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Аз ин панҷ зан чортоашон айни ҳол боздошт шуда, зани панҷум дар ҷустуҷӯ қарор дорад.”

Аҳроров дар мавриди занҳое, ки яксолӣ ҳукми зиндон гирифтаанд, афзуд, ки аз сабаби доштани кӯдаки хурдсол ва таъмингари оила будани ин занҳо, татбиқи ҳукм нисбати онҳо, то 8-сола шудани кӯдаконашон мавқуф гузошта шуд. Додрас изҳор дошт, ки маҳкумшудагон аз қарори додгоҳ розӣ мебошанд: “Инҳо як нафараш сокини шаҳри Ваҳдат, як нафари дигар сокини ноҳияи Ҳисор, нафари дигар сокини шаҳри Душанбе ва 2 нафараш сокини ноҳияи Ашт мебошанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яксоли шартан медоданд, бас набуд? Ё умуман бо чарима чавоб медоданд. Чи даркор барои як беакли як соли умри онхоро гирифтан?
Посух додан
  • imon

  • 20 июн 2013 09:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Онхо ро бояд 5сол медодан 1 сол кам аст барои онки Хвакант чои занхои шавхардор нест бо онхо кудак доштанд .Хвакант чои занхои фоиша аст на зани шавхардор оё он мард гурури марди дорад ё не занаш дар хвакант шабона мегардад парво надорад.
Посух додан
  • Сугд

  • 20 июн 2013 15:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Лаънат ба чунин занхо. ки обруи мо мусалмонхоро дар назди чомеаи исломи мерезонанд. Ман аз он ранчурам, ки фардо рузи Киёмат падар ва шавхарони онхо дар азоби сахт гирифтор мешаванд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!