Бахшҳо
20 июн 2013 09:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Амрико мегӯяд, занону кӯдакони тоҷик ба ивази қарз ба ихтиёри афғонҳо дода мешаванд

Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши ҳарсолаи худ, оиди мубориза бо харидуфурӯши одамон дар ҷаҳон, Тоҷикистонро як манбае гуфт, ки мардону занон ва кӯдаконаш ҳадафи меҳнати маҷбурӣ ва муомилоти шаҳвонӣ қарор мегиранд.

Ба гузориши Вазорати хориҷии Амрико бархе занону кӯдакони тоҷик дар Русия Аморати Араб, Қазоқистон ва Афғонистон, инчунин дар худи Тоҷикистон ба танфурӯшии маҷбурӣ ҷалб мегарданд ва мардону занон бошанд дар хоҷагии қишлоқу сохтмонҳои ин кишварҳо ба меҳнати маҷбурӣ фаро гирифта мешаванд.

Гузоришгарон менависанд, иттилооте мавҷуд аст, ки кӯдакону занону тоҷик ба ивази қарз дар Афғонистон ба корҳои фаҳш ҷалб мешаванд ва баъзан ғайриихтиёрӣ ба ақди никоҳи мардони афғон ворид мешавад.

Вазорати хориҷии Амрико бо зикри талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани ҷалби кӯдакон ба меҳнати маҷбурӣ, аз ҷумла дар майдонҳои пахтаи кишвар изҳор медорад, ки чунин ҳолатҳо ҳанӯз зиёданд ва дар ин кишвар ҳанӯз низоми хуби ҳимояи ҷабрдидаҳои додуггирифти одамон мавҷуд нест.

Амрико ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки қонунҳои худро барои мубориза бо қочоқи одамон такмил диҳад ва кафолати амнияти шоҳидони чунин ҳолатро пурра ироа созад. Инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ба мансабдорони маҳаллӣ барои ҷалби кӯдакон ба меҳнат дар майдонҳои пахта ҷазои сахттар пешбинӣ гардад.

Гузоришгарони амрикоӣ мегӯянд, дар маҷмуъ дар ҷаҳон 27 миллион нафар аз қочоқу додугирифти ғайриқонунии одамон ҷабр мебинанд.
Мӯҳр
бахром
ку чавонони баору номуси точик .Мо то кай токат мекунем ки хохару модари моро бо пулу мол фурушанд.Кучост он зиеиен ва олимон ва равшанфикрон.Бас лаганбардори.Бинед Амрико тревога задааст ва мо точико хаб хастем.То ин кадар паст задани ин миллат ин шармандаги! Кучост чавонмардони точик?

зайн
Амрико дигар хеч рох наефт кудакону модарони бе сохиб нест. амрико саг аст аз дур мечакад лекин корвон бо рохи меравад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)