Бахшҳо

Манъи намозгузории беш аз 200 зан дар Оббурдони Масчо

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар Масчо бо ирсоли як нома аз додситонии ин ноҳия хостаанд, ба 250 зани деҳаи Оббурдон иҷоза бидиҳад, то намози ҷумъаро дар масҷид бигузоранд.

Илҳом Беков, масъули ҲНИТ дар Масчо, рӯзи 20-уми июн ба “Озодагон” гуфт, дар ҳоле ки мақомот аз ҳаққи баробари зану мард сӯҳбат мекунанд, набояд монеи намозгузории онҳо дар масҷид бишаванд.

Ба қавли ӯ, то як ҳафтаи пеш дар рустои Оббурдони ноҳияи Масчо ҳудуди 250 зан намози ҷумъаро якҷоя мехонданд. “Аммо ҳафтаи гузашта Саидҳомид Ниёзов, имохатиби масҷид, онҳоро огоҳ кардааст, ки дигар ба масҷид наоянд. Ӯ гуфтааст, мо гап мешунавем ва бояд намозгузориро бас кунед”,-гуфт ӯ.

Илҳом Беков афзуд, дар масҷиди деҳа ҷои намозгузории занонро бо кашидани пардае ҷудо карда буданд, “вале бо супориши Ниёзов пардаро кандаанд, то занҳо дигар намоз гузошта натавонанд.”

“Мегӯянд, ҳуқуқи зану мард баробар аст, аммо инро эҳсос намекунем. Ба додситонӣ муроҷиат кардем, то ин кор дар чорчӯбаи қонун ҳалли худро ёбад. Такяи мардум ба қонун аст ва умед доранд, ин қазия ба нафъашон ҳал мешавад”,-афзуд Илҳом Беков.

Намозгузории занон дар масҷидҳои Тоҷикистон чанд соли қабл бо раъйи аксари аъзои Шӯрои уламои Маркази исломӣ манъ шудааст. Ин фатво дар замони раҳбарии муфтии пешин Шайх Амонуллоҳи Неъматзода содир шуда ва то ҳоло пойбарҷост.
Мӯҳр
Абдуллоҳ
Дин аз давлат ҷудо бошад, чаро қарори Шурои уламоро органҳои давлатӣ амалӣ мекунанд. Агар ҳамин қарори Шурои уламоро ба суди конститутсионӣ муроҷиат кунед, намебинанд дин аз давлат ҷудо мегуянд. Кани Оиниҳол Бобоназарова, Файзиниссо Воҳидова Шумо қонундонҳо инро як санҷида бинед.

хукумати Точикистони бузурги мо аз занхо метарсад чи?

МАШАЛЛАХ,. Худоё дуо мекунем ки ба мо шароитеро мухайё кун то дасти фарзанду хамсарамонро гирифта ба масчид равем, ва барои ин амал монеъае набошад. Омииин

ин давлати мо аз мусалмон гуфтани шахс метарсад чи зан бошаду чи мард,чи пер бошаду чи ҷавон.мақсадаш фақат 1-то мубориза бар зидди Дин аммо бе хабаранд,ки Аллоҳ ваъдаи ҳифозати динашро 1400-сол пеш дода аст,аз инҳо тавонмандтарҳо натавонистан ин динро нест кунанд.

Салом! Аввалан миннатдории хешро баён месозам ба кулли созмондихандагону коргарони ин хабаргузори.Бехтарин сомона. Пайваста хар лахзаву соат ман дар ин сомона хабархои навро мехонам Ман ин маколаро хондам,ба мавзуяш кордор нестам.Аммо шумо ба чои МАСТЧОХ, "МАСЧО"РО истифода бурдаед. Шакли дурусташ хамон калимаи аввали, яъне МАСТЧОХ мебошад.Хамин хатогиро ислох мекардед,хуб мешуд.Боки,Саломат бошед ва муваффакият ба хамаатон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)