Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:31

"Занҳо дар Туркманистон: шаҳрвандони навъи дуюм"

20 июн 2013, 14:55

Кумитаи Ҳелсинки Норвеж, созмони ғайриҳукуматӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки аз фаъолияти кишварҳои узви САҲА дар умури риояи ҳуқуқи инсон тибқи муқарароти созишномаи Ҳелсинки назорат мебарад, дар гузорише аз нақзи ҳуқуқи занон дар Туркманистон нигаронӣ кардааст.

Муаллифони ин гузориш, ки «Занон дар Туркманистон: шаҳрвандони навъи дуюм» ном дорад, гуфтаанд, бо вуҷуди набудани маълумоти дақиқи оморӣ ва мушкилиҳо зимни гузаронидани мониторинг ба онҳо муяссар шудааст, бо беш аз 10 ҳазор зан, ки аксари онҳо дар Ашхобод ва навоҳии атрофи он мезистаанд, гуфтугу ва вазъи онҳоро рушан кунанд.

Кумитаи Ҳелсинки Норвеж гуфтааст, қонунҳои Туркманистон ба занҳо ҳуқуқи озодӣ ва баробарӣ дар ҷомеаро кафолат медиҳад, аммо дар асл чунин нест: “Набудани баробарҳуқуқии занҳо дар пайдо кардани ҷои кор, гирифтани маълумот, хизматрасонии тиббӣ, ширкат дар ҳаёти иҷтимоӣ, ҳамчунин нобаробарӣ дар муносибатҳои оилавӣ ва хушунат нисбат ба духтарону занҳо аз мушкили аслӣ дар Туркманистон мебошад”.

Дар робита ҳомиёни ҳуқуқ ба ҳукумати Туркманистон ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ин кишвар кор мекунанд, даъват кардаанд, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон як қатор чорабиниҳоро амалӣ намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!