Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:29

Барзу Абдураззоқов ба қирғизҳо "Қиёмат"-ро нишон дод (АКС)

20 июн 2013, 19:18

Намоишномаи коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов, ки аз рӯи асари “Қиёмат”-и Чингиз Айтматов таҳия шудааст, имрӯз, 20-уми июн дар шаҳри Бишкек манзури тамошобинон шуд.

Ин намоишнома дар ҳоле рӯйи саҳна омад, ки имсол аз 85-умин солгарди Чингиз Айтматов, нависандаи номвари қирғиз таҷлил мешавад. Барзу Абдураззоқов қаблан дар як суҳбати ихтисосӣ ба «Озодагон» гуфта буд, асари «Қиёмат»-ро бо хоҳиши худи қирғизҳо рӯи саҳна овардааст.

Қарор аст, моҳи сентябри соли равон бахшида ба солгарди Айтматов дар Қирғизистон як ҷашнвораи вижае баргузор шавад. Гуфта мешавад, намоишномаи «Қиёмат» маҳз барои ҳамин фестивал таҳия гардидааст.

Барзу Абдураззоқов мегӯяд, «Айтматов дар романи «Қиёмат» маъсалаи нобудшавии ҷаҳон ва нестшавии идеалҳоро бардоштааст. Ва ин эҳсоси ӯ бо эҳсоси ман наздиканд, ки ҷаҳон дар остонаи нобудӣ қарор дорад. Ман мебинам, ки имрӯзҳо на танҳо шар бар некӣ пирӯз шуда истодааст, балки мардум ҳама рӯй ба бадӣ меоваранд”.

Фарнуши Сиёвуш чанд аксро аз нахустин намоишномаи "Қиёмат" дар театри Бишкек ба мо фиристодааст, ки дар ихтиёри Шумо мегузорем.

Барзу Абдураззоқов ба қирғизҳо "Қиёмат"-ро нишон дод (АКС)

Барзу Абдураззоқов ба қирғизҳо "Қиёмат"-ро нишон дод (АКС)

Барзу Абдураззоқов ба қирғизҳо "Қиёмат"-ро нишон дод (АКС)

Барзу Абдураззоқов ба қирғизҳо "Қиёмат"-ро нишон дод (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ватндор

  • 22 июн 2013 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вой бар холи мо точиконе, ки аз огоз то ба имруз кадри бузургонамонро намедонем. Хукуматдорони мо пас аз Барзуро дар театрхо нагузоштанашон фикр карданд, ки дигар Абдураззоков кор ёфта наметавонад. Ин фикри кудакона аст..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!