Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:37

Ризояти парлумон барои бастани пойгоҳи низомии Амрико

21 июн 2013, 12:10

Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон, баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбеи 21-уми июн барои поёни иҷораи пойгоҳи низомии Манас ба Амрико дар моҳи июли соли 2014 овоз дод.

Бино ба хабарҳои расида, 91 вакили парлумон ба ҷонибдорӣ аз бастани пойгоҳи низомии Амрико раъй додааст. Танҳо панҷ нафар зидди ин тасмим овоз додаанд.

Ин санад танҳо баъди он ҳукми қонунӣ мегирад, ки агар зери он Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, имзо гузорад.

Амрико ҳамасола барои иҷораи пойгоҳи Манас, ки онро ҳамчун маркази логистикӣ барои Афғонистон истифода мебарад, ба Қирғизистон 60 миллион доллар медиҳад.

Гуфта мешавад, бахши аъзами ҳарбиёни Амрико ҳангоми тарки Афғонистон то соли 2014 аз тариқи ҳамин пойгоҳ ба ватан хоҳанд баргашт.

ИМА соли 2001 пойгоҳи низомияшро дар Манас мустақкар намуд. Моҳи феврали соли 2009 Қурбонбек Боқиев, президенти пешини Қирғизистон эълон кард, ки пойгоҳи амрикоиро мебандад, аммо вақте Вашингтон арзиши иҷораи солонаро аз 17 миллион ба 60 миллион расонд, тасмимашро дигар кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!