Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:22

«ВИНЕТКА»-И Ч ..БУРӢ

10 май 2011, 06:35

ТИБҚИ иттилои шабакаи ТВ "Сафина" (2.04.2011) дар рӯзҳои наврӯзӣ ашхоси мансабдору соҳибмақом бо унвони саховатпеша, 5000 тӯйи хатнасурро муваффақона анҷом доданд. Тибқи гузориши журналистони телевизион "онҳо бо ин амал  собит намуданд, ки чунин сиёсати иҷтимоӣ дар тамоми ҷаҳон собиқа надорад".



Имрӯзҳо қисмати аъзами барномаҳои ахбори телевизионҳоро ин мавзӯи гӯё  барои ҷомеъа ва ҳатто оламиён "муҳим" ташкил мекунад. Вақеан ин "сиёсат" то кадом андоза назир надорад, худатон медонед, зеро хатнасури камбағалон ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати иҷтимоӣ буда наметавонаду журналистони телевизион бояд савод биёмӯзанду ин давлату миллатро бо баъзе сафсаттаҳояшон шарманда накунанд. Ба ақидаи бисёриҳо беҳтарин роҳи ҳалли масоили иҷтимоиро дар мисоли дастгириҳои оилаҳои камбизоат тавассути тӯйро танҳо "сиёсат"-и пулшӯйии мансабдорони тоҷик метавон унвон кард. Мазмун: "…мо маблағҳои аз ҳисоби камбағалии шумо камбизоатон ба дастовардаамонро танҳо намехӯрем,  баръакс бо худатон  тақсим мекунем. Бубинед,  дар қатори он тӯйҳое, ки мо зимни гирифтани занҳои дуюму чорумамон барпо намекунем, (хонда шавад-наметавонем, намемонандамон) чун шумо-одамони оддӣ ҳангоми аз таваллудхона баровардани кӯдакҳоямон (ғайриқонуниамон) тантана барпо намесозем, чандин қасру кӯшкҳоямонро ба номи хешу таборонамон мегузаронем ё  ба хориҷиҳо иҷора дода бо "хурсандӣ" ба онҳо бо бурёкӯбон намедароем.  Ҳатто кӯдакони бечораи занҳои пинҳониамонро пеши назари мардум падариву меҳрубонӣ карда наметавонем, ки он бечораҳо низ дар ҷомеа сағирақаторианд.  Ана ҳамаи ҳамин ва садҳо  хурсандиҳои дигарамонро, ки бо сабаби мансабдорӣ ошкор карда наметавонем, танҳо дар тӯйи ч…бурони камбағалон ошкор мекунему бас. Магар аз ин дида гуманизми иҷтимоӣ- сиёсиро дар ҷойе дидаед?"

"Дигар ч...тона ғам набоша?"

Шояд андешаҳои ба сар доштаи ин "саховатмандон"-ро боз ташреҳ бидиҳем, идомааш чунин бошад: "…ин ҳамаро дар телевизион танҳо ба он хотир нишон медиҳем, ки  танҳо ЯК  нафар (мо ба мардум чӣ кор дорем?) бубинад. Бубинад, ки мо "дузд ҳастему тоқахӯр  не". Мо бизнесменҳои ҳақиқиро ҳам ба ғайри тороҷгариҳои гумрукиву андозбандӣ боз ба ҳамин роҳ  ҳам ғорат мекунем. Мегӯем, ки ё ч…буриву хонадоркунии камбағалонро ба гардан мегирӣ ё мактабу иншооти "давлатӣ" месозӣ ё  кор намекунӣ!  Охир бо чунин муносибат  ҳамаи онҳо аз ҷумҳурӣ баромада рафта наметавонанд-ку. Баъзе сарсахтҳояшон пинҳонӣ-пинҳонӣ доро мешаванд, вале боз ашхосе ёфт мешаванд, ки даррав онҳоро ҳушдор бидиҳанд, ки:  "э,  бача гузарондести- ку?" Ва корхонаатро ё бо фалон нархаки ночиз мефурӯшӣ ё…
Боақлҳояш даррав ҷоро холӣ мекунанд, вале баъзе аблаҳҳояш ба хориҷа мегурезанду ғариб мегарданд. Айби худашон.  Онҳо намефаҳманд, ки дар доираи "одоб" ҳадди ниҳоии тараққиёти бизнеси онҳо бояд то кадом андоза бошад. Инҷо  шаҳри  бе дарвоза нест. Ин аст, ки гӯё  сиёсати иҷтимоии "ч…бурӣ- тӯйкунӣ"-и камбағалҳо беҳтарин ва бесобиқатарин роҳи баромадан аз камбизоатӣ  ва дастгирии бечорагон аст. Тӯй кунеду бирақсед, эй мардум, ё  мо тӯй мекунему шумо бирақсед. Дигар ч..тона ғам набоша, ғами онҳоро мо сарватмандон мехурем! Ин аст роҳи ҳалли масъала?
Азбаски чанд соли охир миёни роҳҳои ҷуставу тадбирҳои андешидаи чанде аз мансабдорон- "стратегҳо"-и кишвари мо барои баромадан аз қашшоқиву камбағалӣ, ин усул собит намуд, ки беҳтарини беҳтаринҳост. Ин тӯй аст, ки камбизоатро ақаллан як рӯз серу хурсанд мегардонад,  дигар зарурат ба чандин институтҳо таҳлиливу стратегӣ намонд, ки онҳо бекор -бекор гаштаанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки таҳқиқотҳо нишон доданд, ки ҳатто занҳое, ки шавҳаронашонро ба Русия барои дарёфти маблағи тӯйҳои фарзандон аз ҷумла ч...бурӣ ва хонадоркунӣ фиристода,  худашон бе  ч.. монда буданд, низ  сад дар сад тарафдори  ҳамин сиёсати иҷтимоианд. Акнун онҳо дар ивази буридани ч..ҳои бачаҳояшон ч..ҳои барои  худашон заруриро танҳо тавассути ҳамин имконият аз пешакашон ба ҳич куҷо намефиристанд. Магар адолат аз ин зиёд мешавад? Магар дар ягон ҷойи дигари дунё ҳамчунин  идеяи хуби раҳоӣ аз камбағалиро медонанд? Не, ҳоли боз  дигарон "ай рӯйи мо мегиранд, бачаҳалоко".
Хавф дорам, ки агар ин сиёсат ҷаҳонӣ шавад, ғайримусулмонҳо ҳам пайрави он мегарданд. Ин хуб аст, ки сиёсати пешгирифтаи моро онҳо тақлиду пайравӣ мекунанд, меомӯзанд, аз худ месозанд ва амалӣ мекунанд. Вале баъзе коршиносони бахили оппозитсиюн бар он ақидаанд, ки ғарбиёни беақли ба умқи ин сиёсати иҷтимоӣ дуруст сарфаҳм намерафтагӣ мабодо, ки ч..ҳоро аз бех бибуранду дар арсаи байналмилалӣ занҳо ба муқобили кишвари мо дандон тез кунанд.
Дирӯз як хабарнигори телевизион, ки барои сабти чунин ч…буриҳо аз маҳал баргашт гуфт, ки бо дуои мӯсафедону панди пирони рӯзгордида қарор шуд, ки дигар дӯстдориҳову зоракуниҳои бибиҳову очаҳо ба набераҳошон ё баъзе падарони бовиқор ба фарзандошон аз қабили: "та бухурум" ё "та садқа" "эй эшае, бачамаеее…" "сари ч..ша бхрм" мегуфтанд, манъ карда шавад. Акнун ин гуфта иҷтимоӣ шуда танҳо онро бизнесменҳо, соҳибмансабон, хайрхоҳон яъне онҳое, ки тӯйҳои оммавии ч…буриро дар стадионҳову майдончаҳои варзишии мактабҳо, клубҳову ҷамоатҳо мегузаронанд, ба забон оварда метавонанд.
Ва ин ибора акнун ба ҷойи фармудаи Саъдӣ, ки:
"Падармурдаро соя бар сар фикан,
Ғубораш бияфшону хораш бикан".
истифода шавад. Яъне ч…дорҳои камбағалро низ чун падармурдаҳо танҳо бойҳо ҳақ доранд, ғамхориву дӯстдорӣ ва  ч…бурон кунанду умуман ҳар чизе, ки ба ч…ҳои онҳо вобастагӣ дорад, минбаъд кори иҷтимоӣ буда, ба соҳибонашон мутааллиқ нестанд.

Ҳама бояд саҳме дошта бошанд

Забоншиносон сари ин баҳсанд, ки ибора ва калимаҳои: "ч…, ч…бурӣ, хатна, хатнасур, дастҳалолкунӣ, ҳатто  "обрезание",  тӯйи камбизоатон, камбағалҳо, хонадоркунии бечораҳо" ва чандин вожаҳои ба хатнасури оммавӣ мутааллиқ ба луғатномаи нави сиёсӣ-иҷтимоӣ ворид карда шавад. Ин луғат бо теъдоди калон нашр гардаду ба камбағалон дар рӯзи тӯйи ч…бурӣ  тӯҳфа карда шавад. Баъдан кӯдакҳои ч…бурида, волидони онҳо ва навхонадорони камбағал, ки тӯяшон дар ин маърака мегузарад,  то ҳафт пушташон онҳоро аз ёд кунанд.
Миёни адибон бошад чанд вақти охир  баҳс  сари он аст, ки чаро то ҳол дар адабиёт, хоса адабиёти набудаи бачагона,  дар бораи ч…бурӣ шеър, ҳикоя, достон, ва ҳатто романе мављуд нест. Ин шармандагиро то ҳол илми адабиёт надида буду ҳарчи зудтар ислоҳ бояд кард.
Баъзе журналистони аз таги нохун чирккобанда бошанд, ба ин масъалаи муҳими иҷтимоӣ, ки аз рӯйи ғайбати нотавонбинон  наворгирии он ба кисаи ҳамкасбони телевизиониашон чанд танга ворид мекунад, аз бахилӣ ким-чиҳои баде менависанд,  дар газетчаҳояшон. Ҳич ҳамонҳо пешравиҳоро дида наметавонанд,  корашон камбудиковӣ, худашон ҳатто  як ч…а бурида наметавонанду...
Аҳзоби сиёсии кишвар ҳам дар ҳайратанд. ҲНИТ, ки ч…буриро як ойини исломӣ медонист, мавқеашро  дар инҷода танг мебинад. ҲКТ ва Шабдолов бошад,  даҳонашон воз мондааст. Охир дар замони қудратмандии онҳо барои ин кор аз вазифа мегирифтанд, аз ҳизб меронданд, гунаҳгор карда турма мебурданду имрӯз ин амали ғайрикоммунистона, яъне  золимонаи буридани ч…ро, ба як маъракаи муҳими гӯё  сиёсати иҷтимоӣ табдил дода, ба беҳтарин ахбор ва намоиши телевизионӣ  бадал кардаанд. Аҳзоби дигар аз ҷумла сотсиал- демократҳо "накаут"  гирифтанд. Метарсанд, ки "бинг" гӯянд, худашонро ба ҳамин маъракаи иҷтимоӣ ҳамроҳ месозанд. Ба ҳайси камбизоат, албатта. Вале худи мардум ончунон розианд, ки садҳо шукр мегӯянд.
Масалан рӯзе як модари сару гӯшаш тиллопеч бо куртаи атласи оҳарӣ дар телевизор интервю дода гуфт: "Ман тамоми умр орзу мекардам, ки ба ҳамин рӯз бирасам. (Писаракамро дигарон яъне дорандаҳо тӯй кунанд).  Мо барои он бечораем, ки онҳо дороянд, сарашон дардро набинад. Сафи моро зиёда ва маблағҳои эшонро зиёдтар кунад, илоҳӣ. Ва ҳамин бачаҳаки маро, ки падаруш мардикорӣ рафтаю  иҳо ч…ша буридан, ҳоли боз  тӯйи хонадоршавиша ҳам,  иншоллоҳ ҳамино мекунанд, Охир шӯи ма ё ай Расия инвалид шуда миёя,  ё ҳамуҷо зан мегираву сапси (совсем, яъне тамоман) намиёя.  Ма,  худум дар умрум ай камбизоатӣ намебуром. Куҷойи кор, ки ма ойлук бигируму пулҷамъ кунум? Бо чунин зиндагӣ чи бухуруму  чи бипушум? Хай, сад нобут, Худо умри ҳами бизнесменакову ҳами раисора дароз куна. Ҳамуво, ки зинда бошанд,  ҳои мардони тоҷик, э, э… кудакои  мо ғамхор доранд"…
Боз ҳамон коршиносони бахили гӯр, ки аниқҷосусони хориҷиҳоянд,  мегӯнд, ки: "ин як роҳи фиреби назар асту ба мардум моҳихурӣ не,  моҳидорӣ бояд, омухт". Аммо аксари занҳо дигар андеша доранд.
- Ай,  ҳаму рулахчаҳо,  намедунан, ки ч…бурии мо ба наздикӣ ҷаҳонӣ мешава, ҳоли инро як унсури ҷашни байналмилалии Наврӯз кардем. Худо хоҳад,  дар ояндаи наздик тамоми ҷаҳон дар пайравии мо  рӯ ба ч…бурӣ мешаван, агар ина ҳамиё бахилӣ накунан- мегӯяд, як зане, ки  чандин ҷиҳози хонаашро дар  чунин тӯйҳои коллективона, кадом раис дода буд.
- Шояд худи онҳо ч…е надоранд, ки бибуранд ё боз ба ақли расои мансабдорони мо дар пешбурди сиёсати иҷтимоӣ  рашк мебаранд. Ҳатто ба  кормандони телевизион бахилӣ мекунанд, ки роҳи пулкоркунира ёфтаанд. Ман ба журналистакои газито  муроҷиат карда мегӯям, ки: эй нотавонбинҳо  ч…бурӣ карда метонен, бкунен, наметонен хап кунен, ки боз шумо ҳам ба ҳамин гурӯҳҳои ниёзмандиҷомеа шомилед-ҳа!-таҳдидомез даст меафшонад нафаре.

Кашшофони шаҳринавӣ
Акнун дар ҳоле, ки Наврӯз байналмилалӣ  гаштааст ч…буриҳои наврӯзии бизнесменҳо ва раисони ҳукуматҳои маҳал низ байналмилалӣ мешуда бошад? - суол мекунад, кадоме дар айни маъракаи хатнасури камбизоатон ва чунин посух мешунавад:
- Бале,  агар онҳо иди моро қабул карданианд, пас бояд бо ҳама суннатҳояш бипазиранд. Ҳарчанд хатансур ойни наврӯзӣ нест, лекин раисои ҳукумато инро ҳолиҷорӣ мекунанд.  Кадоме зидди  ин андеша баромаданӣ мешаваду мавҷи овозҳо ин гуфтаро пахш мекунад." "Охир аз кай ч…бурӣ суннати Наврӯзӣ маҳсуб меёфт, ки ин аблаҳиро боз ба дигарон талқин созем?"
Дар ҳоле, ки ҳамеша аз танзими маъракаву маросим ҳарф мезанем дар ноҳияи Шаҳринав ба тӯҳфаҳои ч…бурии коллективонаи ҳукуматӣ винеткаву (сурати якҷоя) албомҳои ч…буридаҳоро ворид намуда,  онро чун кашфиёт ё "бозёфти илмӣ"-и ин ноҳия дар телевизион нишон доданд, ки акнун ин "кӯдакони хушбахт" ин суратҳои хотиравиро  тамоми умр бо худ доранд.  Яъне,  то охири умр онҳо набояд фаромӯш кунанд, ки қишри камбизоати ҷомеа ҳастанду ч…ашонро касе хоҳад мебурад. Чӣ кашфиёте. Дар ҳоле, ки дар ин ноҳия барои харидории китобу рӯзнома, обунашавию театрравии ба гуфтаи мансабдорон  маҷбурӣ,  муовини раис доимо гириста гап мезанад, ки азоб дорад, винеткаи ч…буриро ба бачаҳо тақдим кардаву ба воситаи ТВ онро қариб, ки  навоварии иҷтимоӣ меноманд. Охир ин аксҳои хотиравӣ таъкид ба нотавонии як қишри ҷомеа аст,  вале маҳз онҳо гуноҳгори камбизоатии худ нестанд.
Шояд агар масъулони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳал ба ҷойи тантанавор буридани ч…и 5-ҳазор кӯдак, ҷойи корӣ ташкил мекарданду 10- ҳазор кас , яъне падар ва модари ин 5-ҳазор кӯдак соҳиби ҷойи кор мешуд,  боз  дар оянда 5-нафар хоҳаракону додарони инҳо  яъне 25000 нафар мӯҳтоҷи тӯйҳои оммавӣ ва ч…буриҳои наврӯзии бойбачаҳо намегаштанд. Дар маҷмӯъ бошад қариб 40-ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби як даҳан нони ҳалолу беминнати  меҳнатӣ ва зиндагии осуда мегаштанд. На миннатшунаву ба маърази тамошои миллионҳо гузошта, дар пеши пояшон як сатилу косаву табақ ва аз дур  намоиш додани яхдону қолинакҳои арзонбаҳо тавассути телевизион, ки шояд  таҳқирашон кунад.

Намоишхайрҳои " саховатмандон"

Тӯй (кадом тӯйе, ки бошад) маънии хурсандиро дорад. Оё мешавад, ки нафари дигаре тӯй, яъне хурсандӣ кунаду туро чун объекти хурсандӣ ба маърази тамошои миллионҳо  тамошогари телевизион гузораду боз бояд ту шукргузор аз чунин зиндагӣ  бошӣ?
Беҳтар нест, ки ба ин одамон имкони хурсандиро аз дарёфтҳои худашон бидиҳем то онҳо тӯй,  яъне хурсандӣ кунанд, на иштирокчии намоишҳои сохтаи телевизонӣ -аниқтараш ҳисоботҳои мансабдорон бигарданд???
Албатта зимни хондани ин матлаб "садоқатмандон"-и сохтаи  гӯё  "ҳукуматӣ"   ва муқаллибони садрӯя  ба андешае меафтанд, ки муаллиф  ҳатман нафарест, ки ҳукуматбадбину оппозитсион аст, вале номаъқул кардаанд онҳо.  Яъне ҳамин андешаи дастгирии камбизоатон ва ё тӯйҳои ҳамҷояи камбағалдухтарону қашшоқписарон низ аз  худи  ин раисакону  ин навбойҳо несту идеяи баде ҳам нест.
Кӯмак, хайрияҳо, дастгирии ниёзмандон, саховатпешагӣ, кори хайру савоб ва боз даҳҳо калимаву ибораҳои дигарро метавон қатор кард, барои ифодаи саховатпешагии дороён. Вале президенти мамлакат зинҳори ба зинҳор нагуфтааст, ки аз хайрияҳои хеш маъракаҳои намоишкориву телевизионӣ барпо созеду симои он бечорагонеро, ки гӯё дастгириашон кардаед,  ба ҳамагон намоиш бидиҳед. Арӯсон-ку бо рӯймолу сарандозҳо рӯйи хеш панаҳ мекунанд, кӯдакони беақл-ку дар лаҳзаҳои тӯйи хатнаи хеш азбаски  аввалин бор чунин шиму костюм ва ҳатто галстукчаҳо баста пойпуши нав ба по кардаанд, бешак хурсанданду мерақсанд. Вале чун кас ба чеҳраҳои он "шаҳбачаҳо"-и камбағале, ки тӯяшонро дигарон барои намоиши "саховатпешагӣ"-и хеш мегузаронанд, нигариста шодиеро ба чуз шарму сарафкандагӣ намебинад. Охир онҳо мардбачаанд, номус доранд, шояд худи онҳо орзуе доранд, ки тавонманд бошанду дасти дигарон бигиранд? Шояд аксари онҳо, ки агар сағираанду бепадар,  ин лаҳзаҳо ба ёди падарони камбизоат мурдаи хеш дар дил мотам доранд? Шояд ба маърази тамошо гузоштани қашшоқиву бечорагии онҳо ин қадар намоишиҷаззобу дилрабо набошад? Шояд бо таъкиди бечорагии эшон "ҳисобот" додан ба роҳбарон кори ҷавонмардонае ҳам нест? Вале инро руасову дороён ба як "анъана" табдил доданианду ифтихор ҳам мекунанд?
Куҷост фармудаи шариатии "Хайрро  тавре бидеҳ, ки агар бо дасти рост додӣ, дасти чапат нафаҳмад"? Магар ин кори хайри роҳи мусулмонист ё намоиши он?
Биёед тасаввур кунем, ояндаи баъди 20-30 соле аз ин намоиш тӯйҳои оммавии саховатмандони ҳукуматиро. Чандин мардони ноҳияи Шаҳринав зимни омадани меҳмонҳо ба хонаашон (итминон дорем, ки қашшоқии онҳо то охири умрашон нест) ба фарзандон мегӯянд: "Рав, бачам,  суратҳоро биёр бо меҳмонҳо тамошо кунем". Ва барои ташреҳи аксҳо ба меҳмонҳо мегӯянд: "Ана ин винеткаи синфи якумиамон, ана ин винеткаи хатми мактаби миёна, ана ин винеткаи хатми мактаби олӣ, эҳҳҳ… ана иннн… винеткаи  ч..буриям!"
Мақсуди МУҲАББАТ








Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!