Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

"Ба Зафаробод бо чархбол наё, президент!"

21 июн 2013, 12:30

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин ҳафта ба Суғд омада, аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Ашту Ғончӣ боздид кард. Ҳамчунин, дар Хуҷанд як Қасри варзишро ифтитоҳ намуду дар Қайроққум аз вазъи корхонаи қолинбофӣ огоҳ шуд.

Сокинони ноҳияи Зафаробод ҳам умедвор буданд, ки оқои Раҳмон имсол аз ҳолашон хабар мегирад. Махсусан аз ҳоли роҳҳои вайронаи ноҳия.

Ду сол пеш Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод сафар карда, корхонаи ҷӯроббофиро ба истифода дода буд. Он вақт ӯ тариқи чархбол ба Зафаробод рафт. Аз ин хотир аксари мардум мегӯянд, агар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳ биёяд, «аҳволи» роҳ хеле хуб хоҳад шуд, зеро ҳеч гоҳ ҳукуматдорон бо ин роҳи вайрона раисҷумҳурро намеоранд.

Гузашта аз ин, даҳ сол мешавад, ки ронандагон аз пул ё купрӯки вайронаи Ширинсой мегузаранд. Ҳар боре, ки ба сой сел меояд, сокинон соатҳо интизори камшавии об меистанд. Рӯзҳое низ буданд, ки нақлиёти мусофиркашон аз сой гузашта наметавонист ва мардум аз дохили об гузашта ва ба дигар нақлиёт савор мешуданд. Яъне «автовокзал» дар назди пули Ширинсой ташкил шуда буд.

Шаби якшанбе ба душанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар ин сой сел омад ва субҳ мошинҳо натавонситанд пули Ширинсойро бигузаранд. Мусофирон барои ин нуқтаро убур кардан, тақрибан чаҳор – панҷ соат интизор шуданд. Дар ҳамин замон як нафар, ки дар мошинаи мусофиркашонӣ ҳамроҳи мо буд, гуфт: «Ба Зафаробод бо роҳ биёед, президент».

Аммо маълум нест, ки кай президент тавассути роҳ ба Зафаробод мераваду мақомот аз тарс он роҳҳоро мумфарш мекунанд. Фикр мекунам, шояд сокинони дигар ноҳияҳо низ чунин орзуро дошта бошанд. Чӣ гуфтед?

Дилошӯб ОРИФЗОДА


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ПАРВИЗ

  • 21 июн 2013 13:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БАРОДАРИ АЗИЗ Дилошӯб ОРИФЗОДА ТОКАТ КУНЕД БА НАВБАТ РОХО СОЗ ШУДА ИСТОДААСТ ЯК БОРА 10 ЧИЛА РО БА ДАХОН ЗАДА НАМЕШАВАД КУ ?
Посух додан
  • SDO

  • 21 июн 2013 15:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат роххои ин нохия ахволи хеле бад доранд. Ман соли гузашта ба сафари хизмати рафта шохиди ин роххои валангор хастам. Магар то пулаки шудани ин роххам касе фикри ободии ин роххоро намекарда бошад?
Посух додан
  • точик

  • 21 июн 2013 19:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Роххои тамоми Точикистон фарсудаву вайронаанд ба гайр аз ду се шохрохи чануби чумхури!Харчавнд андози рох дар ЧТ аз хама баландтарин дар СНГ аст!Ба Парвизхо гуфтаниам,ки мо безор шудем аз интизор шудана!Биёед як роххои Исфараро бубинед.Фарк байни роххои мо ё Афгонистонро меёбед ё не!?Таи 21 сол ду се роху де се накб ва якчанд иншооте,ки онро хам бо пули карз сохта шудааст,хеч аст дар муддати 21 сол!Точикистонро ба карз гутондеду ягон хел резулат нест!Ба чузъ дуздиву горати бучаи давлати ва пораву ришва...
Посух додан
  • донишчу

  • 21 июн 2013 20:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман хам ин гуфтахоро дастгири мекунам!
Посух додан
  • Ораш

  • 22 июн 2013 11:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо кунад, ки чаноби президент ба хама навохи бо рох ояд, аммо ин имконнопазир аст. Зеро пас аз 5 мох сафархои пешазинтихоботи, э бахшиш кори ба охир мерасанд. Ва дигар барои 7 сол хама тенчу ором.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!