Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:57

Робсон гуфт, гази Тоҷикистон Чинро 24 сол таъмин мекунад

21 июн 2013, 15:01

Дэвид Робсон, президенти ширкати “Тетис петролиум”, ки ахиран ширкати калони фаронсавӣ, “ТОТАЛ” ва ширкати чинии “China National Petroleum Corporation” (СNPC)-ро барои иктишофу истихроҷи нафту газ ба ҳавзаи “Бохтар” ҷалб кард, дар суҳбат бо хабаргузориҳои Британияи Кабир мақсаду дурнамои фаъолияташонро дар Тоҷикистон шарҳ додааст.

Президенти ширкати “Тэтис петролиум” гуфтааст, ахиран ин се ширкат дар бораи тақсими сармоягузорию фоида аз нафту газ дар ҷануби Тоҷикистон бо ҳукумати кишвар мувофиқа кардаанд ва ҳукумат боз майдони 1,200 киллометри мураббаъро ба ихтиёри ин ширкатҳо гузоштааст. Дэвид Робсон ин майдонро ҳам, ки ҳукумат ахиран ироа кардааст, хеле ояндадор хондааст.

Дэвид Робсон гуфтааст, бо назардошти ироаи майдони нав ин ширкатҳоро зарур меояд, корҳои иктишофӣ-сейсмикиро гузаронанду то охири соли оянда ба пармакунии чоҳҳо пардозанд, ки чуқурияшон аз 7 ҳазор метр бештар хоҳад шуд. Қаблан “Тетис Петролиум” дар майдони “Бохтар” дар ҳавзаи Амӯдарё омӯзиш гузаронда, ҳаҷми захираҳои нафту газро дар ин макон 3.22 триллион метри мукааб газ ва 8.5 миллиард бушка нафт эълон кард, ки баробари захираҳои кишварҳои бой мебошад.

Робсон дар суҳбат бо хабаргузориҳои Ғарб бори дигар ин нуктаро таъкид намуда, изҳор доштааст, ки мақсади омадани ин се ширкати бузурги бахши нафту газ ба Тоҷикистон на танҳо таъмини талаботи дохилӣ, балки содироти газ ба Чин мебошад: “Дар марҳилаи аввал бозори дохилии Тоҷикистон ҳам ҷоллиб аст. Ин кишвар барои газ нархи хуб медиҳад. Аммо он захираҳое, ки мо нияти истихроҷашонро дорем, хеле, хеле ва хеле аз талаботи Тоҷикистон барзиёданд ва метавонанд давоми 24 сол талаботи бозори Чинро пурра таъмин намоянд.”

Дэвид Робсон беҳтарин роҳи интиқоли ин миқдор газро аз Тоҷикистон ба Чин сохтани қубури газ унвон намуда, таъкид кард, ки аз ин лоиҳа пеш аз ҳама худи Чин манфиатдор аст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18-уми июн, ҳукумати Тоҷикистон бо ширкатҳои Total SA ва China National Petroleum Corporation (CNPC) оиди шомил гардидани ин корхонаҳо ба Созишнома дар бораи тақсимоти маҳсулот қарордод ба имзо расонд. Ҳамин тавр, ба қарордоде, ки соли 2008 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Tethys Petroleum Limited ба имзо расида буд, акнун боз ду ширкат ворид шуданд, ки ахири соли 2012 ҳиссае аз саҳмияҳо дар «Kulob Petroleum», ширкати фаръии “Tethys Petroleum”-ро хариданд.

Расонаҳои ғарб менависанд баъди ин тавофуқот арзиши саҳмияҳои ширкати “Тетис петролиум” дар ҷаҳон боло рафтаанд.

Акнун баъди имзои созишнома ӯҳдадориҳои сармоягузории ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ дар майдонҳои ояндадори минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ миёни ин се сармоягузори хориҷӣ тақсим карда мешавад.


Дар акс Дэвид Робсон ва Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Кубур"-и турки (узбаки) ба точики (форси) "лула" мешавад, яъне "лулаи газ"!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Ширкат" "корхона" нест!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!