Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:21

Миралиев таъхири мақомот дар ҳисоби зиёнҳои Узбакистонро бемасъулиятӣ хонд

21 июн 2013, 15:36

Аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси Намояндагон то ҳоло ҳисоб нашудани зиёни корхонаҳои Узбакистон ба Тоҷикистонро “хунукназарии” идораҳои масъули ин кишвар донистаанд.

Амиршоҳ Миралиев, муовини раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи рӯзи 21-уми июни Комиссияи экологӣ гуфтааст, ҳарчанд соли гузашта дар ин маврид раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, аммо идораҳои масъул вазифаашон ва ҳамин тавр дастури президентро иҷро накардаанд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “дар ин давра Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ якҷоя бо Академияи илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ бояд ҳудудҳои зери таъсири корхонаҳои саноатии Узбекистон қарордошта, маълумот дар бораи мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосфера, обҳои зеризаминӣ ва хоки атрофи партовгоҳҳои боқимондаи коркарди маъдан, муқоисаи он бо ҳудудҳои назоратии аз он дур, таркиби кимиёвии обҳои зеризаминӣ, таркиби кимиёвии хок ва монанди инҳоро муайян мекарданд.”

Ба қавли муовини раиси Маҷлиси Намояндагон, “муайянсозии таъсири партовҳои корхонаи металлургӣ ва сементбарории Бекобод ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, тайёр кардани маълумоти оморӣ доир ба касалиҳо дар маҳаллаҳои атрофи Бекобод дар давоми 5-10 соли охир ва муқоисаи он бо касалиҳои деҳаҳои аз он дар масофаи (3-5 километр) ҷойгиршуда ва монанди инҳо вазифаи бевоситаи муштараки Вазорати тандурустӣ (бо пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотиаш, Академияи илмҳо, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, ки бояд бечуну чаро ва оҷилан иҷро мегардиданд.”

Ба ин тартиб, аъзои Комиссияи экологӣ ин саволро дар миён гузоштаанд, ки “чаро мо дар лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз нисбат ба иҷрои супоришҳои раисиҷумҳур ва вазифаҳои хизматиамон хунукназарӣ мекунем? Мо ҳамин қадар ҳисси баланди миллию ватандустӣ дорем? Ҳамин аст, магар садоқати мо?”

Онҳо дар охир тақозо кардаанд, ба ҳамаи ин бемасъулиятӣ хотима дода шавад. “Вазифаҳое, ки то ин дам буданд ва минбаъд дар назди Шумо мӯҳтарам масъулини соҳа гузошта мешаванд, бо кадом роҳу воситае набошад, саривақт иҷро бояд кунед. Чунки ин масъала аллакай масъалаи оддӣ набуда, он ба масъалаи ору номус ва амнияту бехатарии миллӣ табдил ёфтааст”,-таъкид кардаанд онҳо.

Аз ин пеш, 10-уми июн, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар посух ба иддаои мақомоти Узбакистон дар мавриди зиёни Талко (корхонаи алюминиюми тоҷик) гуфта буд, сокинони навоҳии шимоли Тоҷикистон ҳам ним қарн боз ҷабри корхонаҳои саноатии Узбакистонро мекашанд.

Ба қавли ӯ, “корхонаҳои бузурги металлургӣ, заводҳои сементбарорӣ, шабакаҳои барқу гармидиҳии дар ноҳияҳои Бекобод ва Олмалиқи Узбакистон ҷойгиршуда дар давоми ним аср боз ҳавои атмосфера ва захираҳои оби ноҳияҳои шимоли Тоҷикистонро олуда месозанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!