Бахшҳо
21 июн 2013 16:01Тоҷикистон / Сиёсат

Шокирҷон Ҳакимов: "Вақташ аст, асрори замони Сталин ошкор шавад"

«То ҳол дар Тоҷикистон хабарнигорону муҳаққиқон ба аснод ё ҳуҷҷатҳои сиррии замони сталинӣ дастрасӣ надоранд».

Ин нуктаро Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқ, дар як мизи гирд дар Душанбе баён дошта, афзуд, вақти он расидааст, ки бояд ин аснод ошкор ва асрори ниҳони ҳаводиси қарни гузашта рӯи об барояд. Ин мизи гирд рӯзи 21-уми июн бо ҳимояти Бунёди Конрад Арденауэри Олмон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Шокирҷон Ҳакимов гуфт, аз замони фурӯпошии Шӯравӣ ва мустақилияти Тоҷикистон наздики 22 сол мегузарад ва набояд ҳуҷҷатҳои сиррии асри гузашта мояи нигаронӣ бошад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, «маводи бойгонии КГБ ё дигар мақомоти амниятӣ, ки дар замони ҳукмронии Сталин дар Русия махфӣ нигоҳ дошта мешуданд, ошкор ва пешкаши ҷомеа мешавад. Олимону муҳаққиқон метавонанд ин аснодро таҳқиқ карда, дар бораи ҳодисаҳои солҳои Шӯравии пешин, аз он ҷумла даврони ҳукуматдории Сталин ҳам хулоса бароранд.»

Ин дар ҳолест, ки аксари сокинони Тоҷикистон аз солҳои 1930-и қарни гузашта, ки бештар бо номи “репрессияи сталинӣ” маъруф аст, хотирооти чандон хуше надоранд. Чаро ки дар пайи репрессияи солҳои 30-юми асри гузашта дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар кушта ва зиндонӣ шудаанд.
Мӯҳр
Шокирҷон Ҳакимов масъаларо дуруст гузоштааст. Мо бояд донем, ки падарҳоямонро кадом рафиқ ё ҳамсоя фурӯхтааст ва, оё ин кор ҳануз ҳам давом дорад ё не?
Воқеан, пас аз ҳамроҳ шудани ду Олмон, архивҳои вазорати бехатарии Олмони демократиро (ГДР) ғарбиён кушоданд. Дар ин бора китобҳо чоп шуд ва филмҳо сохта шуданд. Ҳатто маълум шудки, шахсоне, ки дӯсти худро дӯсти ҷонӣ мешумурданд, он "дӯст" аз рӯи ӯ ё онҳо солҳои тӯлонӣ ба ШТАЗИ ( Вазорати бехатарии ГДР) маълумот медодааст. Шояд инҷо ҳам ҳамин хел бошад??? Аминам, ки ҳамин хел буд ва ҳаст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)