Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:37

Истиқлол бо легионераш ҳам «хайру хуш» кард

22 июн 2013, 11:06

Бо анҷоми даври аввали чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ тими «Истиқлол»-и Душанбе бо легионери русиягӣ Роберт Жилин «хайру хуш» кардааст.

Шоҳрух Саидов, президенти клуб гуфтааст, ин тасмим барои он гирифта шуд, ки бозингари русиягӣ интизороти аз ӯ доштаро бароварда накард. Гуфта мешавад, Жилин бо эҳтимоли зиёд идомаи карераашро дар клуби ССКА «Помир»-и Душанбе идома медиҳад.

15-уми июн дар аввалин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» аз тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои дуюм қарор гирифт.

Баъди ин бохт масъулони бошгоҳи “Истиқлол” Никола Кавазович, сармураббии ин дастаро аз мақомаш барканор карданд. Шоҳрух Саидов, президенти клуб далели барканории Кавазовичро дар суҳбат ба торнамои «Истиқлол» «натиҷаи ғайриқаноатбахши кори ӯ» гуфт.


Дар акс: Роберт Жилин


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!