Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

«Чарх» ба Хуҷанд омад

22 июн 2013, 12:38

Санаи 22-юми июни соли ҷорӣ дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ нахустнамоиши филми ҳунарии Шаҳзод Раҷабов бо унвони «Чарх» барои сокинони шаҳри Хуҷанд пешкаш шуд. Он дар чаҳор баст соатҳои 10:00, 12:00, 14:00, 16:00 пешниҳоди дӯстдорони синамо мегардад.

Ҳамкори расонаи «Озодагон» аз шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар басти аввал чун дар дигар намоиши филмҳои ҳунарӣ қисми зиёди толор холӣ буд.

Дар филм ҳунармандони шинохтаи тоҷик Убайдуллои Раҷаб, Абдулҳамид Раҳимов, Ҳасан Чиллаев, Хусрав Саидов, Маҳмадсаид Пиров ва Шаҳзод Раҷабов ҳунарнамоӣ кардаанд. Дар назар аст, ки дар охири ҳар басти намоиш саҳнаҳои Убайдуллои Раҷаб гузошта шавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
инхо хамчун хунарпеша мавкеашонро аз даст доднд! тамоми точикистона кови як мухлис намеёби! оби рафтаву обруи рафтааро бозовардан имкон надорад!холо хам ними толор одам чамъ шудааст шукр кунанд, он хам ба хотири риояи эътидол, ки зери оханги хучандихо навохта мешавад!!!хамчун актёр коргардон шуморо касе эътироф намекунад бехуда чон наканед!!!! намоишии наврузетон хандахарише беш набуд отаю бачча!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!