Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:11

100 миллион доллар + 70 миллион еврои БАТР барои рушди иқтисоди Тоҷикистон

18 июл 2011, 03:13

Дар Душанбе мулоқоти райисҷумҳур Эмолмалӣ Раҳмон бо сарвари идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Марказӣ  Оливе Декамп сурат пазируфт.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, зимни ин нишаст масоили ҳамкории кунунӣ ва роҳҳои густариши дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз рушди бонизоми ҳамкории Тоҷикистону Бонки аврупоии таҷдид ва рушд изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии ин бонк дар Тоҷикистон 44 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мешавад ва 10 лоиҳаи дигар ба маблағи 70 миллион евро дар марҳалаи  омодагӣ   қарор доранд. Лоиҳаҳои мазкур барои рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бештар барои зиёд намудани имконот ва тақвияти бахши хусусӣ равона шудаанд.

Дар ҷараёни мулоқот Оливе Декамп гуфт, имрўз рушди муносибот бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварҳо ва сохторҳои Иттиҳоди Аврупо аст ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи ин сиёсат саҳми намоёни худро мегузорад. Номбурда афзуд, соли гузашта Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои дастгирии бонкҳо, созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистон  30 миллион доллар ҷудо намуда буд, имсол бошад ин маблағ ба 50 миллион мерасад ва минбаъд чунин дастгирӣ мунтазам афзоиш хоҳад ёфт.

Маврид ба тазаккур аст, ки дастгирии бахши хусусӣ, бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!