Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:59

МЕҲМОН БАХТӢ

22 июн 2013, 12:57

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, моҳи марти соли 1946 дар деҳаи Шули ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст.

Ӯ соли 1958 Омӯзишгоҳи педагогӣ ва соли 1963 факулати таъриху адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро ба поён расондааст.

Аз соли 1995 то 2000 вакили мардумии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати якум аз ҳавзаи интихобии 35-уми ноҳияи Ғарм ва ҳамзамон раиси комиссия оид ба этикаи депутатӣ ва имтиёзҳои депутатӣ буда, соли 2005 узви Маҷлиси Миллӣ интихоб мегардад.

Соли 1999 сардори шӯъбаи ташвиқоти адабиёти Иттиҳоди нависандагон таъин мешавад. Баъд аз он, солҳои 2004 ва 2009, ду бор ба ҳайси раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон интихоб гардида, то ҳол ин симматро ба уҳда дорад.

Меҳмон Бахтӣ муаллифи драмаи “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”, повести “Хубон”, “Мӯйсафед”, маҷмӯи шеъри “Илҳом”, “Орзуҳои ширин” ва ғайра мебошад. Бисёре аз осори ӯ ба забони русӣ, украинӣ, узбакӣ, озарӣ ва қирғизӣ таҷумаву нашр шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рахмат

  • 24 июн 2013 19:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рубрикаи "мешиносед?" маро ба хайрат овард. Устод Мехмонро ки намешиносад? Тамоми Точикистон ва берун аз он хам он касро ба хайси як адиби сохибназару боистеъдод мешиносанду эхтиром мекунанд.
Посух додан
  • Сафар

  • 2 июл 2013 12:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НАМЕШИНОХТАМ, вале пас аз он ки Олгаро ба суд кашиду даъво кард, ки "зиёиён гух" нестанд мешиносамаш акнун!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!