Бахшҳо

Як сокини Бадахшон дар Маскав мусобиқаи волейбол ташкил кард

Имрӯз, 22-юми июн, дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, сабқати волейбол миёни дастаҳои ҳаваскор оғоз мешавад. Дар ин бора торнамои «Русия барои ҳама» иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи волейболро Тоҷиддин Исмоилов, як зодаи ноҳияи Роштқалъаи Бадахшони Тоҷикистон, ки алъон дар Русия кору зиндагӣ дорад, созмон додааст. Исмоилов ба «Русия барои ҳама» гуфтааст, ки мусобиқа дар як майдонҳои боз, воқеъ дар наздикии истгоҳи «Домодедово» ва хиёбони «Рязан» баргузор мешавад.

«Барои гузарондани мусобиқа аз масъулин иҷоза гирифтаем. Бозиҳо дар як маврид дар ду майдони варзишӣ ҷараён мегиранд», -гуфтааст ӯ.

Барои ширкат дар бозӣ 22 даста дархост фиристодаанд, ки ҳамаашон шаҳрванди Тоҷикистон, ба вижа минтақаи Бадахшони Куҳӣ буда, аз 17 то 48 сол доранд.

Бозиҳо рӯзи шанбе ва якшанбе, 22 ва 23-юми июн аз соати 16.00 то 21.00 ҷараён мегирад. Ғолиби ҷои аввал 80 ҳазор рубл ва ғолиби зинаи дуюм 30 ҳазор рубл хоҳанд гирифт.

Мавриди ёдоварист, 12-уми июн дастаи волейболбозони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон - «Помир» дар «Спартакиадаи иттиҳодияи миллӣ-фарҳангӣ ва ташкилоти ҳамдиёрони шаҳри Маскав», ки бо ширкати 53 даста баргузор шуд, ҷои сеюмро ишғол карданд.
Мӯҳр
Шумо бародарон журналистхо дуруст нависед..як сокини Точикистон...кадом бадахшон...набошад..курготеппа ..худжанд..панч ва гайра..ин гуна хатогихое ки махалгароии пинхониро таблиг мекунад бас кунед ..илтимос...

nosir
агар як бадахши бо 300 грам нашъа дастгир шавад ТВ - хукумати 40 бор бо насабу ному махалаш уро намоиш медихад. агар дар панчу фархор касеро бо 300 кило бикапанд як бор хам чехраву номашро мамебини сири махфи гуфта. махалгарои хамин аст дия. шумо бошад аз фолейбол ба газаб меояд ташкил кунед то ному махалатонро реклама кунанд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)