Бахшҳо

Мунозираи хонандагон: Эмомалӣ Раҳмон марди хуб аст, вале...

Ин шабу рӯз аз хонандагони худ шарҳу номаҳои зиёде мегирем. Мутаассифона, баъзе аз ин шарҳҳо аз таҳқиру дашном орӣ нестанд ва аз ин рӯ имкони нашрашон вуҷуд надорад. Ба ҳар ҳол, сипос аз ҳамаи хонандагон, ки назари худро нисбат ба масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баён медоранд. Ҳоло, як номаеро аз Ҷамшед ном хонандаи худ нашр мекунем, ки ба мақолаи “Ин миллат дигар Раҳмон надорад?” навиштааст. Ин хонандаи мо зоҳиран аз назари хонандаи дигари мо бо номи “Қишлоқӣ” чандон розӣ нест, ки хитоб ба ӯ навиштааст:


“(Ноширони азиз! Илтимос, ҳамин матлабро нашр кунед)

Мутаассифона, Интернет ба ҳама имконияти сухан медиҳад. Ҳоло акнун калу кӯр ҳам сиёсатбозу сиёсатдон шудааст.

Охир, муддати президентӣ ҳам як ҳадду канор дорад! Эмомалӣ Раҳмон марди хуб аст, вале ин маънои он надорад, ки то ба лаҳзаҳои охирин сари қудрат бошад.

Тоҷикистон як ҷумҳурӣ аст, мефаҳмед, яъне Сарқонун дорад. Магар Сарқонуни Тоҷикистон ба як нафар иҷозат медиҳад, ки як умр президенти кишвар бошад? Фақат монархҳо (шоҳон, маликаҳо) ин ҳуқуқро доранд, ки дар кишвари онҳо Конститутсия вуҷуд надорад (Англия, Норвегия, Дания, Испания, Арабистони Саудӣ ва чанде дигар). Онҷо аз рӯи маҷмӯи қонунҳо кор бурда мешавад.

Агар мо хоҳем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сардори давлат монад, пас, калимаи "ҷумҳурӣ" ва "сарқонун"-ро бояд барҳам бидиҳем ва номи давлатро фақат "ТОҶИКИСТОН" ё "ШОҲИГАРИИ ТОҶИКИСТОН" гузорем, яъне бе калимаи "ҷумҳурӣ". Баъд аз он Эмомалӣ Раҳмон метавонад то дами вопасин шоҳи мамлакаташ шавад, на ПРЕЗИДЕНТ. Зеро "президентшавӣ" муддати муайян дорад ва як кас наметавонад беохир президент бошад.

Ту, оқои "Қишлоқӣ" (номатро монӣ намешавад?) ин чизҳоро мефаҳмӣ? Аз куҷо ҳам фаҳмӣ, вақте ки мардони давлат намефаҳманд ё худро ба нодонӣ мезананд.”
Мӯҳр
бехтарин сухан задай дусти азиз

Фирдавс
БА АНДЕШАХОИ ЧАМШЕД САД ДАР САД РОЗИЯМ

огох
Дустони азиз ман мефахмам ки зиндаги пастию баланди ва мушкилотхои зиед меорад. Вале як нуктаро бояд фаромуш накунем, ки давлатро дар тамоми дуне касе сабабгор шудааст ки пойдевораш гузошта шавад. Як миллати бесохибу дастнигар нав як каме ихтиераш дар дасташ омадааст, монед ки Хамин марди Бузург созадаш. Хамонхоеро ки имруз талош доранд барои мансаби баланд мебинам хандаам меояд. Онхо ним руз кудраташон намерасад. Рохбар бояд аз мехрубонии Худованд бархурдор бошад. Куввату аклу тамизу фархангро худованд медихад онро дар ягон мактаб омузонда намешавад. Марди Худодод аст Чаноби Оли биед даор буданаш ба кадраш расем. Бо уммеди ин нагмагаро нашавед. Бо такдири миллату сарзамин бози накунед. Боз мегуям бо хама пешравию мушкилияш Точик коматашро нав рост карда истодааст............

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)