Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:01

Зокиров: Оҷонсии фасод ҳаққи дахолат ба бисёрникоҳиро надорад

24 июн 2013, 10:15

Ҳумайрои БАХТИЁР

Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои конситутсионии Зайд Саидов бо баргузории ҷаласаи нахустини худ масоили марбут ба қазияи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дод. Ба гуфтаи вакилони дифоъи Зайд Саидов ҳарчанд тибқи қонун номбурда ҳоло гумонбар аст, вале онҳо то имрӯз имкони сӯҳбати озодона бо зерҳимояи худро надоранд. Фахриддин Зокиров гуфт, ки шурӯъ аз оғози парвандаи мазкур гурӯҳи тафтишоти танҳо ба як вакили дифоъ –Шӯҳрат Қудратов имкони сӯҳбат бо Зайд Саидовро додаанд, ки он ҳам дар ҳузури масъулини оҷонсии мубориза бо фасод.

Мӯҳри махфии парвандаи Зайд Саидов ғайриқонунист


Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов зимни баргузории ҷаласаи аввалини Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои конситутсионии Зайд Саидов гуфт, ки тибқи қонун парвандаҳое бояд мӯҳри махфӣ бигиранд, ки он ба сири давлатӣ рабт дошта бошад. “Аммо зерҳимояи мо ҳеч фаъолияти давлатӣ надошта, илова бар ин мӯҳри махфиро барои мо як моҳ пас аз оғози парванда эълон доштанд. Тибқи қонун дар сурати махфӣ будани парванда, дар оғози кор бояд ҷонибҳо огоҳонида шаванд ва формаи махсуси ҳуҷатро пур кунанд, ки мо ин корҳоро накардаем”, мегӯяд Фахриддин Зокиров.

Дар ҳамин маврид Исҳоқ Табаров, вакили дигари дифоъи Зайд Саидов гуфт, ки нозири парвандаи мазкур Милопар Бандишоев, муовини раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфтааст, ки давоми 2 рӯзи дигар вакилони дифоъро бо сабаби муҳри махфӣ гирифтани қазияи Зайд Саидов шинос хоҳад кард.

Тазод: Оҷонсии мубориза бо фасоду қазияи бисёрникоҳӣ

Бино бар гуфтаи Фахриддин Зокиров, вакили мудофеъи Зайд Саидов дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷиноӣ дар нисбати зерҳимояаш мутобиқи моддаҳои 314 – гирифтани пора, 319 қисми 4-суйистифода аз мансаб ва 247 боз шудааст. Фахриддин Зокиров мегӯяд, ки шурӯъ аз оғози парванда ҳуқуқҳои Зайд Саидов ба таври дағалона поймол мешавад. Ба сифати далел номбурда аз боздошти Зайд Саидов дар фурудгоҳ бидуни огоҳӣ, нигоҳдории ӯ давоми 10 рӯз бидуни эълони айбномаи расмӣ, боздошт ва нигаҳдории Зайд Саидов бо вуҷуди доштани мақоми дахлнопазирӣ мисол овард. Дар посух ба пурсиш, ки оё Оҷонсии мубориза бо фасод салоҳияти боздошти шаҳрвандро аз рӯйи моддаи 247- бисёрникохӣ дорад, Фахриддин Зокиров гуфт: “Парвандаҳои марбут ба бисёрзанӣ ва ё худ бисёрникоҳиро тибқи қонунгузорӣ бояд бо имзои додситони кул боз шуда, тафтишоти он аз ҷониби масъулини ин ниҳод бурда шавад. Мутобиқи қонунгузорӣ Оҷонсии мубориза бо фасод ҳеч ҳуқуқи дахолат ба ин монанд парвандаҳоро надорад.”

Таъсиси кумитаву қабули муроҷиатномаҳо то куҷо ба дард мехӯранд?

Гуфта мешавад, бори нахуст нест, ки дар робита ба поймол гардидани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Кумитаҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳимоя аз ҳуқуқи инсон муроҷиатномаҳое қабул мекунанд. Тибқи мушоҳида то имрӯз таъсиси кумитаҳову қабули муроҷиатнома барои ҳалли мусбати қазияҳо мусоидат накардаанд. Дар ҳамин маврид Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ, ки яке аз аъзои Кумитаи ҷамъияти дифоъ аз ҳуқуқҳои конситутсионии Зайд Саидов гуфт, ки талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ба даст овардани адолат дар ҷомеа бенатиҷа нахоҳад буд: “Албатта, имрӯз масъулини ҳукумати Тоҷикистон ба гӯшҳои худ пунба мондаанду, ҳеч сару садоеро намешунаванд. Шояд талошҳо имрӯз беҷавоб бошанд, вале муҳимтар аз ҳама бедории мардум дар нисбати беадолатиҳо мебошад. Агар таъсиси кумита ба қазияи Зайд Саидов таъсири бевосита нарасонад, дар оянда ҳатман барои бартараф кардани мушкилоти марбут кумак хоҳад кард”.

Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, ки дар сурати фаъолона ширкат кардани мардум барои дар қазияҳои ҳаммонанд, натиҷаи мусбат он хоҳад буд, ки дар баробари нақзи ҳуқуқи инсон мардуми кишвар рӯзе қад алам хоҳанд кард.

Мисле, ки ба Фаронса рафтани падарамро мунтазир буданд...

Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов, ки дар ҷаласаи мазкур ширкат дошт, ки фишорҳо ба хонавода ва наздиконашон шурӯъ аз тасмими падараш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистон нав” оғоз шудааст. Хайруллоҳ Саидов гуфт, ки аз он рӯз эътиборан тамоми корхонаҳои марбут ба наздикони Зайд Саидов аз ҷониби мақомоти андоз, оҷонсии фасод ва ҳатто оташнишонӣ мавриди тафтиш қарор мегиранд: “Аслан то рӯзи сафари падарам ба Фаронса гуё хабаре набуд. Вале якбора ба манзили зисти ҳар яки мо ворид шудани ҳайатҳои иборат аз 20 нафар бо навору дастгоҳҳои сабти дигар, гувоҳи он буд, ки мисле масъулин сафари падарамро ба Фаронса мунтазир буданд. Ин гуна тафтишот, ки як гуна фишори равонӣ дониста мешавад, ба аъзои хонавдаамон бетаъсир намонд.”

Хайруллоҳ Саидов илова намуд, ки масъулини Кумитаи андоз ба корхонаҳои ӯ бо иҷозаи тафтиши андози 3 сола омада, санадҳои 5 солаву 7 солаи ширкатҳоро талаб мекарданд:“Дар натиҷа мерафтанду иҷозаи тафтиши корхонаро барои 5 ва ё 7 соли қабл меоварданд. Ҳамаи ин талошҳо танҳо ба хотири ба маблағи калон ҷарима кардани корхонаҳо буд.” Бино бар гуфтаи Хайруллоҳ Саидов тафтишоти пай дар пай барои коргарон ҳам бетаъсир набуда, дар ин миён гурӯҳе хоҳиши аз кор рафтанро кардаанд.

Парвандаи Зайд Саидов, ки пас аз эълони таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав аз ҷониби ӯ кушода шуд, шояд дар таърихи навини Тоҷикистон назир надошта бошад. Ёдовар мешавем, ки ҳануз замоне, ки Зайд Саидов дар сафари Фаронса қарор дошт, прокуратураи шаҳри Душанбе алайҳи вай бо ҷурми бисёрникоҳӣ парванда кушод. Чанд рӯз нагузашта Оҷонсии мубориза бо фасод эълон намуд, ки алайҳи ӯ парванда кушодааст. Оҷонсии мазкур чанде пас ин иқдомашро рад карда эълон намуд, ки бар зидди Саидов парванда боз накардааст. Пас аз боздошт низ Оҷонсии зидди фасод чанд бор айбномаҳояшро тағйир дод. Ва инак ҳоло низ ки гуфта мешуд, парванда муҳри махфӣ гирифтааст боз оҷонси рад кардаву иброз намудааст, ки парвандаро махфӣ эълон накардааст.

Маврид ба ёдоварист, ки Зайд Саидов айни замон дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад. Коршиносон дар мавриди қазияи Саидов мегӯянд, ки ин парванда яке аз парвандаҳои пурсару садое дар солҳои охир буд, ки эътимоди мардумро ба мақомот коҳиш дода аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
имена дар хаму корупсияи шахри чизе гуфтан бовар кунен барое ки онхо бисёр халолкоран ма и чизора айтачрбай хдм мегум.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тасҳеҳ зарур аст. Моддаи 247 КҶ на бисёрникоҳӣ, балки қаллобист. Дузанагӣ ё серзанагӣ (на бисёрникоҳӣ) дар моддаи 170 КҶ омадааст. Аз сабаби камаҳамиятии муаллиф сухани Зокиров Ф. таҳриф гардидааст, бинобар ин тасҳеҳ зарур аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!