Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:13

Каримов мардикории узбакҳоро дар Русия шармандагӣ донист

24 июн 2013, 10:19

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, муҳоҷирони кории кишварашро “танбалхӯҷаҳо” номидааст.

Ба иттилои расонаҳои узбакӣ, Ислом Каримов зимни дидори худ аз вилояти Ҷиззахи Узбакистон гуфтааст, аз ин кишвар ба муҳоҷирати корӣ танҳо танбалхӯҷаҳо мераванд.

Ба гуфтаи Каримов ҳар шаҳрванди узбаке, ки барои дарёфти бурдаи ноне ба Русия меравад, шаъну шарафи миллаташро паст зада, аз ноуҳдабароии худ дарак медиҳад: “Нисбат ба ин қабил ашхос, ки дар шаҳру навоҳии Русия фаррошӣ мекунанд, дар дили инсон як танаффуре пайдо мешавад. Зеро онҳо бо ин амалашон ҳамаи моро шарманда мекунанд. Дар Узбакистон то ҳол касе аз гуруснагӣ ҷон надодааст.”

Раисиҷумҳури Узбакистон миллати узбакро нисбат ба дигар миллатҳо фарқкунанда хонда гуфтааст: “Имрӯз дар Узбакистон рӯбарӯ шудан бо гадо ё нафари талбанда бисёр мушкил мебошад. Зеро ингуна афрод аслан вуҷуд надорад.”

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, ҳоло беш аз 2 миллион шаҳрванди Узбакистон дар ин кишвар машғул ба кор буда, танҳо дар соли 2012 ба ватани худ беш аз 6 миллиард доллар фиристодаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фируз

  • 24 июн 2013 13:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз 30 миллион ахоли 2 миллионаш рафта бошад он кадар вохима нест. Ин тахминан 6.6 % мебошад. Точикистон 8 миллион ахоли дорад 1.5 миллионаш дар Русия аст. Ин тахминан 18.7 %.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз 30 млн 50% зиёд точик мебошад. Дар андиджон точиконро М.Худоебердиев ба фармони Каримов ба катл расонид зеро онхо аз Каримов безор шуда буданд. Чаро точикони Самарканд худро на узбаку на точик балки худро Самарканди мегуянд? Агар точик гуянд ба катл мерасанд аз узбак гуфтан шарм медоранд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!