Бахшҳо
24 июн 2013 10:44Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Як масъули Хадамот: “Тоҷикон аз маҷбурӣ кори сиёҳ мекунанд”

Дар тӯли панҷ моҳи соли ҷорӣ ба камияш беш аз 200 ҳазор сокини вилояти Хатлон ба қасди муҳоҷирати корӣ кишварро тарк кардаанд.

Маҳмудҷон Хоркашов, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, аммо ин рақам ҳадди ниҳоӣ нест. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин рақам фақат мансуб ба фурудгоҳҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб буда, ҳисоби дигар фурудгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳан то ҳол мушаххас нагардидааст.

Оқои Хоркашов дар мавриди изҳороти ахири Хадамоти муҳоҷирати Русия, ки гуфтааст, аксари қонуншиканҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистонанд, низ суҳбат карда ва афзуд: “Мардуми тоҷикро гунаҳкор карданӣ нестам, вале мутаассифона, ҳоло 60-70 фоизи муҳоҷирони мо ҳеҷ ихтисос надоранд. Бояд урфу одати мардуми маҳаллиро донӣ, забонро хуб балад бошӣ, аммо мардуми мо, асосан онҳое, ки баъди солҳои 90-уми асри гузашта ба Русия мераванд, дар ин масъала сустанд. Ин айбҳо ҳам барои мо мушкил эҷод мекунад ва ҳам барои корфармо. Маркази таълими калонсолони вилоят ҳоло ба ҳалли ин мушкил машғул аст ва дар инҷо сокинон дар 2-3 моҳ соҳиби ихтисоси дилхоҳ мешаванд”.

Мусоҳиби мо илова кард, “то шаҳрванди Русия набошӣ, дар онҷо кори ғайри сиёҳ пайдо карда наметавонӣ, ҳарчанд маълумоти олӣ ва ихтисоси инжинерию дигар дошта бошӣ... Музди маоше, ки мардуми мо дар корҳои паст мегиранд, мардуми маҳаллӣ бо ин маош кор намекунанд. Мардуми мо аз маҷбурӣ ин корҳоро иҷро мекунанд.”

Ин маъсули Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Хатлон дар мавриди муҳоҷирати хориҷиён ба кишвар низ суҳбат кард. Вай гуфт, дар тӯли панҷ моҳи ахир ҳудуди 900 шаҳрванди хориҷӣ барои кор ба вилояти Хатлон омадаанд, ки асосан аз Хитой, Эрон, Афғонистон ва Парагвайанд.

Ӯ афзуд, дар як моҳ ба ҳисоби миёна 300 нафар тоҷири афғону эронӣ ба вилоят ворид шудаанд. Дар истинод ба ин манбаъ, на фақат мардуми мо қоидаҳои будубош дар кишвари ғайрро гоҳо риоя намекардаанд, балки шаҳрвандони дигар давлатҳо низ дар ҳудуди вилояти Хатлон ба қонунвайронкунӣ даст мезадаанд. Ҳамин тариқ, фақат дар муддати 20 рӯзи баргузории амалиёти “Нелегал-2013”, ки дар 197 манзил дар ҳудуди вилояти Хатлон сурат гирифтааст, се фард аз қаламрави кишвар берун карда шудааст. Дар панҷ моҳ бошад, 25 шаҳрванди хориҷӣ ба қонуншиканӣ даст задаанд, ки аз инҳо 15 нафараш аз ҳудуди Тоҷикистон берун карда шудааст.


Дар акс: Маҳмудҷон Хоркашев, масъули Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)