Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:03

Домулло Сироҷиддин: “Ман аз салафиву таблиғияш безорам!”

24 июн 2013, 15:59

Алишер ЗАРИФӢ

Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба домулло Сироҷиддин, ки моҳи январи соли 2010 барои пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи Салафия маҳкум ба зиндон шуда буд, субҳи 24-уми июн аз боздошт раҳо гардид. Хабарнигори “Озодагон” домулло Сироҷиддинро дар манзилаш дар канори ҳамсару фарзандон пайдо кард ва суҳбате анҷом дод, ки пешкаши Шумо мешавад.


Озодагон: Озодӣ муборак, домулло. Вақте аз маҳбас баромадед, худро чӣ гуна эҳсос намудед?

Домулло Сироҷиддин: “Вақте аз дари зиндон берун омадам, хурсандиямро ҳадду канор набуд. Дуо кардам, Худованд ҳеч фарзанди мусалмонро ба маҳбас наандозад. Дар назди дари маҳбас модарони зиёдеро дидам, ки мегуфтанд, Худовандо, фарзандони моро раҳо кун.”

Озодагон: Вазъи саломатиятон чигуна аст?

Домулло Сироҷиддин: “Вазъи саломатиям хуб аст. Худоро шукр, ки баъд аз чаҳор соли боздошт ва зиндон сиҳҳату саломат ба назди фарзандон баргаштам.”

Озодагон: Чаҳор соле, ки ҳамроҳи хонавода набудед, чӣ тағйироте пеш омада?

Домулло Сироҷиддин: “Дар ин муддат бисёр чизҳоро аз даст додем. Қиматтарини он модарҷонам буд, ки вақти дар маҳбас буданам аз дунё даргузашт. Ният дорам, ки ба зиёрати қабри модарам биравам. Як рӯз баъд аз марги модарам маро хабардор карданд, ки модарат аз дунё гузаштааст. Ду писарам зан гирифт, набудам. Воқеан, хонаи бе падар камбудӣ зиёд доштааст.”

Озодагон: Шароити маҳбасро чигуна арзёбӣ мекунед? Вазъ чӣ хел буд?

Домулло Сироҷиддин: “Маҳбас пасттарин ва бадтарин ҷой дар рӯи замин аст. Маҳбас ягон хел ҷои таъриф надорад, маҳбас ҳеҷ ҷои зебоӣ надорад, ягон хел зиндагии хуб ҳам он ҷо нест ва аз ҳамин сабаб ҳоҳиш мекунам, ки падару модарон фарзандонашонро насиҳат бикунанд, то ба маҳбас наафтанд. Дар маҳбасхонае, ки ман будам, он ҷо шиканҷа набуд, лекин бо вуҷуди ин ҳама аз маҳбас безорам. Дар маҳбасхона сериву пури аст, ягон хел камбудӣ надорад, лекин дуо мекунам, фарзанди касе ба он ҷо наафтад. Тамоми меҳмонҳое, ки боздид аз маҳбасхона мекарданд, маро хабар мегирифтанд, дар мавриди вазъу шароити маҳбас аз ман савол мекарданд. Ман шабу рӯз дар ҳаққи президент дуо мекунам, ки як афв кунад, ҳамин ҷавонҳои зебое, ки дар маҳбас ҳастанд, раҳо шаванд. Бовар кунед, ин қадар ҷавонҳое, ки дар маҳбас ҳастанд, он ҷо ҳаёташон ҳайф мешавад. Вақте дар маҳбас ғалтидем, ба қадри диёру ватан ва мардум бисёр расидем.”

Озодагон: Шуморо ба ҷурми салафигароӣ маҳкум ба зиндон карда буданд. Воқеан, ин иттиҳом ҷо дошт?


Домулло Сироҷиддин: “Маро салафӣ гуфта маҳкам карданд, лекин ман дар ягон гурӯҳ нестам. Ман аз тамоми гурӯҳҳо безорам ва намехоҳам бо ягон гурӯҳ ҳамроҳ бошам. Ман аз салафӣ ҳам безор ҳастаму аз таҳририву таблиғияш ҳам. Тоҷикистон муҳтоҷи гурӯҳҳо нест ва мо набояд дар байни мардум тафриқа андозем. Дар ягон гӯрӯҳ набудам ва нестам. Дар дохили маҳбас ҳам будам, мегуфтам, Тоҷикистони мо муҳтоҷи ягон гурӯҳ ва ҳизб нест, ман пайрави Қуръону суннатам. Бояд мардуми Тоҷикистон ақидаи маро бидонанд, ки чунин аст. Ман аз ҳеҷ кас наметарсам ва чи хеле ки пештар дар ҳамин ақида будам ва ҳоло ҳам дар ҳамин ақида астам. Як сухани президентро ду рӯз пеш вақте дар Суғд баромад мекард, аз радио шунидам, ки хеле сухани зебое буд. Вақте шунидам, Аллоҳу акбар гуфта, аз ҷоям хестам. Ин сухан ҳамин буд, ки эй мардум дурӯғ аст баъди мурдан гову мол куштан, Шумо дар зиндагиятон падару модаратонро ҳурмат кунед. Бубинед, мо ҳам ана ҳамин суханро 4 сол пеш гуфта будем.”

Озодагон: Баъзеҳо мегӯянд, маҳбас ҷои хубе барои таблиғ аст. Ин ҳақиқат дорад? Шароити намозгузорӣ дар он ҷо чигуна буд?

Домулло Сироҷиддин: “Дар мавриди ибодат. Панҷ вақт намоз ва намози ҷумъаро мехондем, ҳеҷ монеае набуд. Касе, ки намоз мехонд, касе, ки Қуръон мехонд, дари масҷид барояш боз буд. 1,5 ҳазор маҳкумшуда маро ҳамчун падар “бобӣ” мегуфтанд ва ҳатто кормандони маҳбас маро ҳурмат карда, “бобӣ” мегуфтанд. Ҳамроҳони ман 11 нафар буданд, ки онҳо як сол зиёдтар шуд, баромаданд ва ман охирин баромадам.”

Озодагон: Дар зиндон бештар дар бораи чӣ фикр мекардед ва чӣ орзу доштед?

Домулло Сироҷиддин: “Бовар кунед, чор соле, ки дар маҳбас будам, як орзу доштам. Мегуфтам, Худованд агар маро аз маҳбас барорад, ҷавонҳои зебо, шогирдони бадавлатамро ҷамъ мекунаму як фирма мекушоям, ки номи онро “Фирма барои кумак ба бевазанҳо” номгузорӣ мекунам. Ҳамон бойбачаҳо, шогирдонам омада, ҳаминҷо закоташона бисупоранд, то бевазанҳо худашонро бе кас ҳис накунанд ва фарзандашон гурусна ва бе либос намонанд.”


Дар акс: Сироҷиддин Абдураҳмонов (Домулло Сироҷиддин)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Салим

  • 24 июн 2013 17:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана акнун, хомуш нишину,ба ягон кори бад даст назан. Ин барои ту барин нафарони бесавод,ибрат мешавад .
Посух додан
  • Darvesh

  • 24 июн 2013 17:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hamon korkhonaro boz karded ma'limot dihed yakumin shakhs in ma hastum ki ba shumo mablagi 5000 somoniro irsol medoram. Khudovand yakavu yagona ast.
Посух додан
  • Хайриддини Абдулло

  • 24 июн 2013 17:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Он даъвоҳое, ки мекарди ва мегуфти,ки мазҳаб вуҷуд надорад мазҳаб бидъат аст. Тоҷикистон бояд аз мазҳаб парасти озод шавад. Мардуми тоҷикистон аз муллоҳо сар карда то мардуми одиаш бояд тавҳид омузад. Китобҳои Абдул Ваҳоб,Таймия,Албониро бояд хонанд. Кисми зиёди мардуми тоҷикистон пирпарасту қаврпарастаст гуфта дод мезади . Оминро баланд гуфта ,рафи ядайн карда, дуойи дастаҷамъиро бад дидаву паст зада мегашти ҳа чокард,ки бо имруз 90 градус иваз шуди. Ҳе ҷоҳиле анакнун дон,ки Тоҷикистон ҷойи шумобарин динфурушу мазҳаб фуруш нест. Умедворам ки дигар зидди мазҳаби поки Имоми Аъзам (Р) ташфиқоти ваҳҳобигари намебари.
Посух додан
  • Акрам Сангов

  • 24 июн 2013 18:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд туро дар панохаш нигах дорад домулло Сирочиддин... Орзу дорам дар хизмати Худову бандагонаш боши.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салим,
Акнун домулло Сирожиддин дигар поятро нигох карда мон!
Мардуми Бадахшона мушрик нагу. И Салафихо дунёра нотинч кардестан. Кабри модарта зиёрат бику. КАбри Паёмбара ёдат хаст тахкир карда буди?
Медони чи кадр Паёмбар бузург аст ва бахшидааст туро! Забонатро нигах дор бар азизони Ислом фахш магу! Тамоми салафихоро чамъ кун пеши як домуллои ханафи рафта чорзону дарс хонен.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
домулло шер бош. пайрави куръону суннат бош базехо гапхои зиёд меган гуш нате бо ин хел афродхо
Посух додан
  • саид

  • 24 июн 2013 21:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инро мулло гуфтан чабр дар хакки муллохо мешавад бехтараш як санъаткори мазхакави гуем
Посух додан
  • SALIM

  • 25 июн 2013 20:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
SALOM
ANA AKUN BA QAVLI BOZINGARON "NAMOISHI MO DAVOM DORAD" (HUKUMAT VA SIROJIDIN)
Посух додан
  • инсон

  • 25 июн 2013 22:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
интихобот наздик шуд як дарбори зиёд шуд
Посух додан
  • али

  • 4 июл 2013 16:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бале дурустаст вокеьан хам махбас маконе аст, ки чавонон бо анчом додани амалхои кабеху гайри макбул умри хешро барбод медиханд.худованд хамаи зиндониёнро рахо кунад ва ба сирочидин барои ниятхои хайраш тавфик ато намояд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!