Бахшҳо
24 июн 2013 17:12Тоҷикистон / Сиёсат

Таҳдид ба Давлатёр, шоҳиди марги Ҳамза Икромзода

Давлатёр Қурбонов, як маҳбуси зиндони рақами аввали Душанбе, ки шоҳиди марги Ҳамза Икромзода дониста мешавад, таҳти фишор ва таҳдид қарор гирифтааст.

Дар ин бора рӯзи 24-уми июн Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, хабар дода гуфт, чанд рӯз пеш маъмурони зиндон аз Давлатёр Қурбонов тақозо кардаанд, ки аз додани шоҳидӣ даст кашад.

Амиралӣ Икромов гуфт, “огоҳ шудем, ки маъмурон ба Давлатёр Қурбонов гуфтаанд, дар сурати саркашӣ кардан ба ҳуҷраи якнафара гузаронда мешавад. Ва аз он ҳуҷра зинда нахоҳад баромад”.

Икромов мегӯяд, онҳо бо вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров тамос гирифтаанд, то аз ҳуқуқи Давлатёр Қурбонов ҳимоя кунанд. Худи Бузургмеҳр Ёров дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло мунтазири муроҷиати расмии Давлатёр Қурбонов аст, то расман ба фаъолият шурӯъ кунад.

“Аслан ҳеч ҷои пӯшида нест, ки дар зиндонҳои мо шиканҷа вуҷуд дорад. Давоми ин солҳо боре ҳам гурӯҳе аз маҳбусинро аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол надода буданд. Аммо баъди марги Ҳамза Икромзода якбора маъмурияти зиндонҳои Душанбе харҷи зиёд карда, гурӯҳе аз маҳбусинро фиристод. Ин далели он аст, ки воқеан Ҳамза Икромзода дар пайи шиканҷа ба ҳалокат расидааст”,-афзуд ӯ.

Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. Мақомот мегӯянд, ӯ худкушӣ карда, вале наздикони ӯ бовар доранд, ки Икромзода дар пайи шиканҷаи маъмурони зиндон ҷон додааст.
Мӯҳр
озод
Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. ЧАРО НАМЕНАВИСЕД КИ БАРОИ ЧИ ЗИНДОНИ ШУД. НИМИ ШАБИ ХОНАИ ЯК ИНСОН БА ЧИ МАКСАД ДАРОМАД ИН КАХРАМОНИ ВАО. КИРДОРИ БАДРО ПОДОШ БАД АСТ. МАН БОВАРИ ДОРАМ КИ КАСЕ УРО ШИКАНЧА НАКАРДААСТ. ДУОИ ОН ЗАНУ ДУХТАРОНЕ КИ ДАХОНАШОРО БАСАТААНД ГИРИТФААСТ. ХОХИШ ДИГАР ДАР ИН БОРАИ ХАРФ НАГУЕД .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)