Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Amnesty international: Ба Исмон Азизов кӯмак кунед

18 июл 2011, 05:02

Шаҳрванди Тоҷикистон истирдод карданианд, имкони озору шиканҷаи ӯ вуҷуд дорад!


Ахиран, созмони мавсум ба «Amnesty international» (ё худ Авфи байналмилал) аксияи «кӯмаки оҷилеро таҳти чунин унвон роҳандозӣ кардааст. Дар баёнияе, ки ташкилоти мазкур ба нишонии суроғаҳои электронӣ ирсол дошт, аз истифодабарандогони шабакаи интернетӣ даъват мешавад, то бо ирсоли муроҷиатнома ва дархостҳои шаҳрвандӣ  аз  прокурор ва суди вилоятии Маскав тақозои истирдод нашудани Исмон Азимовро намоянд.
Ин созмон менависад, мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Исмон Азимов аз Русия талош доранд. Номбурда,  дар «ташкили гурӯҳи ҷиноятӣ» (модаи 182, қисми 2-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон) муттаҳам мешавад. Азимовро ҳамчунин дар ҳамдастӣ бо созмони  фаъолияташ мамнуи «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» гумонбар медонанд. Дар мактуб омадааст, «Amnesty International» муътақид аст, ки дар ҳолати ба Тоҷикистон истирдод шудан Исмон Азимов ӯ мавриди шиканҷа ва дигар муносиботи ғайриинсонӣ қарор хоҳад гирифт».
Тайи чанд соли охир «Amnesty International» маълумотҳое дарёфт кардааст, ки нисбат ба ашхоси истирдодшуда ва ё нафароне, ки аз ҷониби давлатҳои дигар ба Тоҷикистон мунтақил шуданд, шиканҷаву озор раво дида шудааст. Муҷримин дар «ифротгароии исломӣ» бештар аз дигарҳо ба азобу шиканҷа дар Тоҷикистон мубтало мешаванд, омадааст дар баёния.
Маврид ба ёдоварист, Исмон Азимов 3 ноябри соли 2010 дар Русия боздошт шуд. 29 июни соли 2011 вакили дифоъи ӯро аз қарори муовини додситони кулли Русия дар мавриди истирдоди Азимов огоҳ мекунанд.Қарор аст, фардо 19 -июл ҷаласаи додгоҳии вилояти Маскав дар мавриди бознигарии қарори прокурори генералӣ баргузор  шавад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!