Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:11

5 ҳазору 600 “LIKE”-и ҳиҷоби Манижаи Давлат

25 июн 2013, 09:54

Як акси бо ҳиҷоби Манижаи Давлат, овозхони маҳбуби Тоҷикистон, дар гуруҳи Afghan Unity ё Иттиҳоди афғонӣ дар Фейсбук боиси баҳсҳои зиёде шудааст.

Ин акси Манижаро бештар аз панҷуним ҳазор нафар писандида, 307 нафар онро дар саҳифаҳои худ гузоштаанд ва бештар аз 363 нафари дигар дар поёни он шарҳ навиштаанд.

Дар ин акс Манижаи Давлат бо ҳиҷоб тасвир ёфта ва дар даст китоби Қуръон дорад. Иттиҳоди афғонӣ низ дар болои ин акс навишта, ки “Манижаи Давлати ҳидоятшуда...” Вале масъулони саҳифа манзур аз ин ҷумлаашонро шарҳ надодаанд.

Вале аксари шарҳнависон гуфтаанд, аз чунин навъи либоспӯшӣ ва сурати Манижаи Давлат ифтихор мекунанд ва ин бояд барои духтарони дигар панд шавад. Муҳаммад Аҳмадӣ, яке аз ин шарҳнависон гуфтааст, “дӯстат дорам, Худо ҳамеша қалбатро пур аз раҳматаш кунад.” Абдулҳамид ҳам навиштааст, “касеро ки Худованд ҳидоят кунад, ҳеч қудрате барои гумроҳии ӯ вуҷуд надорад.”

Манижаи Давлат тақрибан 13 соли пеш рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе миёни форсизабонҳо маҳбубияти хос пайдо намуд. Консерти аввалини ӯ соли 2002 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуда, соли 2006 ӯ барои анҷоми як консерт ба Афғонистон рафт.

Аммо пас аз ин сафари Афғонистон Манижаи Давлат дигар рӯи саҳна наомад ва овозхонӣ накард. Аммо соли гузашта шакли хоми як таронаи ӯ бо номи “Осмон боронист”, ки шеъри Ҳоруни Роун аст, дастраси корбарони Интернет шуд. Бо ин ҳама, Манижаи Давлат шарҳ надода, ки чаро ва чигуна аз саҳна канор рафт ва оё бозгашти ӯ ба саҳнаи ҳунар имконпазир аст, ё на.


5 ҳазору 600 “LIKE”-и ҳиҷоби Манижаи Давлат


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Hayron

  • 25 июн 2013 10:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хами Манижа овозхони намекард, кай хозир Афгону дигару дигар ба хичобпушиш кор медоштанд?
Посух додан
  • Damir

  • 25 июн 2013 18:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Aknun Manizha hijob pushid magar musulmon shud ? Ojo har yak hijobbasar musulmon ast , poktinat ast , neksirisht ast ? na va sad bor na ! Man hajroni hamin musulmonigarii barheyam. Hijob ba sar kun , rish monu salla ba sar kun digar hama kor baroi tu mumkin, charogaki sabz dar Tojikiston, ba ruyat medurahshad! Ajab dindorie !
Посух додан
  • saif

  • 25 июн 2013 19:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
In aks kadom shabohate bo Manija nadorad...........
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom dustonu hamvatanon meguynd ki ba hudo dodagon dast mazan ki onhoro hudo doda ast apai manija yki az hofizahoi boaklu bo odob meboshad ki ba in rohi hak hidoyt eftaast va agar hudovan shahsero dust dorad hatman hidoytash hoham kard va az digar duhtarhoi tjk hohish mekunam hob darg karda ibrat girand.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Орзуи доимии мо хамин аст,ки духтари точик зани точик модари точик хамавакт дартан хамин хел либос дошта бошанд.
Дар асл ин либоси миллии точикист.
Посух додан
  • лутфия

  • 22 июл 2013 18:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аслан барои чи хичоб мепушанд!барои диккати дигарон ба худ чалб кунанд.фикри шахсан аз ман хамин аст.ва ё баръакс мехоханд худро дастнорас эълон кунанд.аз ду якест.
Посух додан
  • МАДИНА

  • 18 август 2016 13:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом ба хама мардуми точик,хай агар Апаи Манижабону хостаст хичоб. ба бар кардааст мо тарафдори хамин хастем ки хамаи саньаткорои точик хаминхел Худо тарс шаванд хамаи гулдухтарони точик низ хамчунон хичоб пуш шаванд чунки хичобро Аллох ба занхои мусалмон фарз гардондааст,боки дар амони Аллох

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!