Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

Фурудгоҳи Айнӣ бемузд ба Русия дода намешавад

18 июл 2011, 06:35

Дар назар аст, ки Дмитрий Медведев, президенти Русия дар моҳи август-сентябри соли равон ба Душанбе ташриф биёрад.


Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷа имрӯз дар як нишасти матбуотӣ гуфт, зимни ин сафари райисҷумҳури ФР масоили мухталифи дуҷониба матраҳ хоҳад шуд. Номбурда қайд кард, дар чорчӯби ин боздид асосан инкишофи муносибатҳои иқтисодии ин ду кишвар, аз ҷумла масъалаи нерӯгоҳҳои барқӣ баррасӣ мегардад. Ҳамрохон Зарифӣ Русияро яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон унвон намуда афзуд, тайи шаш моҳи соли равон дар мунисибатҳои дуҷониба муваффақиятҳои зиёде мавҷуд аст. Зарифӣ дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, бо Русия  феълан муносибатҳо дар хусуси марз ва фурудгоҳи Айнӣ дар ҳоли омодашавӣ ва баррасӣ аст. Ӯ гуфт, ин гуфтушунидҳо маънии онро надорад, ки фурудгоҳи Айнӣ бемузд аз они Русия мешавад ва ё қӯшунҳои Русия ба Тоҷикистон бармегарданд.
-Музокирот дар робита ба ин масъала идома дорад ва ҳар гуна сару садо дар масъалаи воридшавии сарбозони Русия ба марзи Тоҷикистон асос надоранд.Моликияти Тоҷикистон на аз бобои ман ва на аз бобои вазири мудофиа аст,- ҷамъбаст кард вазири корҳои хориҷа. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!