Бахшҳо

Бозор Собир: “Аз Айниву Лоҳутӣ хушбахттарам, ки...”

Бозор Собир, шоири тоҷик, баъд аз тамошои намоишномаи театрии “Шабе дур аз Ватан” гуфт, худро аз Айниву Лоҳутӣ хушбахттар мешуморад, ки дар зиндагӣ нақшашро рӯи саҳнаи театр дидааст.

Намоишномаи “Шабе дур аз Ватан”, ки аз сӯи Нозим Меликов ва аз рӯи ашъори Бозор Собир таҳия шудааст, бегоҳи 25-уми июн дар театри ба номи Мамуди Воҳид манзури тамошобинон гардид ва Бозор Собир ҳам яке аз бинандагон буд.

Ин шоири тоҷик гуфт, аз тамошои ин намоишнома хеле мутаассир шуда, ба кори ҳунармандон баҳои баланд медиҳад. Вай афзуд, навори ин намоишномаро қаблан дар Амрико дида буд, аммо ҳоло хушбахт аст, ки онро аз наздик тамошо кард.

Бозор Собир ба як савол дар мавриди ҳамсару фарзандонаш, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебаранд, низ посух дод. Ӯ гуфт, бояд аҳли оилааш базудӣ ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳи ӯ ба зиндагияшон идома бидиҳанд.

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, бегоҳи 27-уми май ба Тоҷикистон бозгашт. Ӯ дар лаҳзаҳо аввали омаданаш ба Душанбе гуфт, дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд ва аз зиёиён даъват кард, ки ҳамагӣ дар атрофи президент ҷамъ оянд.

Ин шоири тоҷик ҳамчунин бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Кохи Миллати Душанбе мулоқоти якбаяк анҷом дод ва дар пайи ин гуфта шуд, ки оқои Бозор соҳиби як манзил дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе шудааст. Мақомот мегӯянд, бозгашти Бозор Собир ба интихоботи Тоҷикистон рабте надорад, иддаое, ки бархе аз соҳибназарон ва мухолифон ба он бовар надоранд.
Мӯҳр
ХАТОГИЕ, КИ бозор собир СОЛИ ЧАНГИ ШАХРВАНДИ КАРДА БУД ЯЪНЕ ТАРАФДОРИ МУЛЛОХО БУД ВА БАЪД АЗ ОН АЗ ВАТАН ГУРЕХТ АЗ ХАТОИХОИ ХУДАШ КИСОСРО АЗ ХУДОВАНД ГИРИФТ ЯЪНЕ АТЕИСТ ШУД 'НАЪУЗУБИЛЛОХИ МИН ЗОЛИК" ВА БОЯД ДОНИСТ, КИ ЭЧОДИЁТИ у БАРОИ МО САД СОЛ ДАРКОР НЕСТАНД!!!!

farzon
Agar in ogo ba nomi Bozor choryaki hidmate,ki Aynivu Lohuti baroi millat kardand,karda bud,boyad istihola mekard,ki nomashro dar radifi Aynivu Lohuti joy dihad.Sharm ham hub chizest. Fikr namekunam,ki in ogo sharm wa gururi mardi doshta boshad.

Фикр намекунам, ки фарзандони Б.Собир Амрикоро дубора ба Тоҷикистон иваз кунанд. Ин корро ҳеч кас намекунад, магар "депорт"нашавад. Ҳаминҷо ҳам Б.С. Амрикоро бадгӯи кард: "ба ман аз ким куҷо як кроватро оварданд.." Ӯ фаромӯш кард ки, агар Амрико намешуд, солҳои навади асри гузашта дар таҳхонаи КГБи ҳамонвақта аз дасти силоҳбадастон ҷон ба саломат намебурд. Банда ӯро ҳамчун як шоири муқаррарии иғвоангез мешуморам, на як шоири бузург ва шоистаи халқи тоҷик. Чӣ бирасад ба устодон бузурги тоҷик АЙНИВУ ЛОҲӮТӢ, ки Б.С ба нохуни онҳо қадре надорад. Шоир бояд як рӯйи покиза дошта бошад, на чанд рӯи чиркин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)