Бахшҳо
18 июл 2011 07:04Хабарҳои ҷаҳон

Шикасти амрикоиҳо ва унвони қаҳрамониро соҳиб шудани ҷопониҳо

Футболбоздухтарони дастаи мунтахаби Ҷопон дар сабқати ҷаҳонии футбол дастаи Амрикоро шикаст дода, унвони қаҳрамони чаҳонро сохиб шуданд.


Дар қисми аввали бозӣ дастаи Амрико тӯби нахустинро вориди дарвозаи Ҷопон карданд, аммо бозигардухтарони ҷопонӣ бо оромиву хунсардии худ тавонистанд ҳисобро баробар намоянд. Дар қисми аввали вақти иловагӣ ба амрикоиҳо муяассар гардид, то боз голи дигарро вориди дарвоза намуда, пешсафиро ба даст бигиранд ва аммо боз ҳам ҷопонидухтарон бо оромии доимии худ бо задани голи дигар бозиро ба задани силсилаи зарбаҳои 11 метрӣ кашониданд. Агарчанде ду қисми асосӣ ва ду қисми иловагӣ  натавонист қаҳрамони чаҳонро миёни футболбоздухтарон муайян созад, дар задани зарбаҳои 11 метрӣ бозингардухтарони Ҷопон нисбат ба ҳамтоёни амрикоии худ бартарӣ нишон доданд ва дар ҳоле ки амрикоиҳо аз 4 зарба танҳо 1 тӯбро вориди дарвозаи Ҷопон намуданд, ҷопониҳо аз 4 зарба 3 голи бехато зада, бе задани зарбаҳои 5-ум қаҳрамони ҷаҳонро муайян карданд. Таъкид бояд кард, ки дарвозабони дастаи Ҷопон матонат нишон дода аз чор зарбаи задашудаи амрикоиҳо самти 2 зарбаро муайян кард ва онҳоро баргардонид.
Ҳамин тариқ, бо ҳисоби умумии 5 бар 3 дастаи мунтахаби Ҷопон сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи футбол миёни бонувон гардид.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)