Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

БМ: Тақаллубкорони сомонӣ боре ҳам муваффақ нашудаанд

2 июл 2013, 11:06

Бонки миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия мегӯяд, бо вуҷуди он, ки соли равон ягон ягон адад пули тақаллубӣ дарёфт нашудааст, иштирокдорони бозори нақд бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Ин ниҳод таъйид мекунад, ки “ба хотири пешгирӣ аз эҳтимоли ворид шудани пулҳои қалбакӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба муассисаҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзӣ, соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъор ва шуъбаҳои минтақавӣ нома ирсол намуда, тавсия дода буд, ки ҳангоми додугирифти маблағҳои пулӣ эҳтиёткор бошанд ва нисбати ин масъала ҷиддӣ рафтор намоянд.”

Бонки миллӣ муътқид аст, ки “пулҳои коғазии миллӣ бо унсурҳои муосири ҳимоявӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ки ҳама гуна амалҳои тақаллубкорӣ, аз қабили кӯшишҳои чопи пулҳои қалбакиро барбод медиҳанд. Барои мисол, дар пулҳои коғазии арзишашон 20, 50 ва 100 сомонӣ се адади охири рақами силсилавии пул дар рӯи навори кинеграмма бо тарзи лазерӣ чоп шудаанд, ки яке аз навовариҳои охирин дар соҳаи чопи пул ба ҳисоб меравад.”

Ин ниҳод мегӯяд, ашхосу гуруҳҳои алоҳида талош доштаанд, пулҳои қалбакиро ба муомилот ворид созанду мардуми ноогаҳро ба доми худ андозанд: “Вале тавре таҷрибаи солҳои охир нишон дод, бо ин ҳама унсурҳои ҳимоявие, ки пулҳои миллӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ашхоси тақаллубкор боре ҳам ба мақсади нопоки худ нарасидаанд.”

Бо вуҷуд Бонки миллӣ мегӯяд, ҷаҳони муосир аз ҳамаи мо тақозо мекунад, ки ҳамеша ҳушёру омода бошем, то пеши роҳи чунин амалҳои зиштро гирифта тавонем.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!