Бахшҳо

Саргузашти писарбачаи тоҷик дар майдони “Аякс”

Муҳаммадҷон Раҳмонов, тарбиятгирандаи мактаб-интернати №1 шаҳри Душанбе, ки дар мусобиқаи ташкилнамудаи “МегаФон”, зери унвони “Оянда ба ту вобаста аст” дар шаҳри Сочи беҳтарин дарвозабон эътироф шуд, ба академияи футболи “Аякс” роҳ ёфта, тамрин намудааст.

Ширкати «МегаФон», ки мусобиқаи «Оянда ба ту вобаста аст»-ро аз соли 2005 доир менамояд, тӯҳфаи асосии мусобиқаҳоро – сафар ба шаҳри Лондон, меҳмонӣ дар клуби футболи «Арсенал» муайян кардааст. Дар соли ҷорӣ тӯҳфаҳо на танҳо интизори ғолибон, балки интизори дигар ҷавонписароне низ будаанд, ки натиҷаҳои олиро нишон додаанд. Ба писарон, аз ҷумла Муҳаммадҷон Раҳмонов имкон фароҳам оварда шуд, ки дар лагери тобистонаи футболи «Аякс» дар Истраи назди Маскав таҳти роҳбарии мутахассисони ҳолландии Академияи «Аякс» - яке аз мактабҳои беҳтарини футбол дар ҷаҳон маҳорати худро такмил бидиҳанд. Маҳз дар ҳамин мактаб замоне чунин ситораҳои футбол, ба монанди Марко Ван Бастен, Деннис Бергкамп ва Уэсли Снейдер тарбият мегирифтанд.

Машқҳои Муҳаммадҷон ва боз 15 ҷавонписари дигар аз шаҳрҳои мухталиф ба монанди варзишгарони болиғ сурат гирифтааст.

Муҳаммадҷон мегӯяд, машқҳои ҳаррӯза 3-4 соат давом мекарданд: “Дави пагоҳирӯзӣ, омодагии даступойҳо, омодагӣ ба задани гол ба дарвоза ва аз ҳама муҳим – машқи бозии асосӣ дар доираи даста. Бачагони ба лагер омада хеле хуб баромаданд, мо зуд бо ҳам дӯст шуда, бозиҳоро низ якҷоя дар сатҳи хеле хуб анҷом медодем.”

Ҷавонписари тоҷик мегӯяд дар ин сафар танҳо як мушкилӣ мувоҷҷеҳ шудааст: “Ман забони русиро на он қадар хуб медонистам ва на ҳама вақт метавонистам, ки фикрҳои худро дуруст баён намоям. Баъди анҷоми ин сафар ба хулосае омадам, ки ҳатман бояд диққати назаррасро ба омӯзиши забони русӣ равона намоям.

Марко Брагонеи ҳолландӣ, ки ба ҳайси мураббии футболбозони ҷавон баромад менамудааст, новобаста аз он ки дар давоми ду ҳафта бо шогирдони худ тавассути тарҷумон гуфтугӯ мекардааст, ба зудӣ бо онҳо якзабон гардидааст.

Футболбози ҷавони тоҷик дар бораи ин сармуррабии голандӣ афзуд, ки «Марко – мураббии хеле хуб аст. Боре садои худро баланд намекунад, бо забони дастрас масъалаҳоро баён менамояд. Ҳамроҳи ӯ моро зарур буд, ки ҳамеша хеле пухта ва бодиққат бошем. Бо вуҷуди ин, ягон асабонияте ба мушоҳида намерасид.»

Дар давраҳои ниҳоӣ мусобиқаи рафиқонаи бачагон ва мусобиқаи клуби футболи «Истра», ки аллакай дар майдонҳои мазкур машқ менамуд, сурат гирифтааст. Роҳбари лагери «Аякс» дар Россия Том Сауэр мегӯяд, «ин бозӣ аз он шаҳодат дод, ки ду ҳафтаи дар лагери мо гузаронидашуда барои варзишгарон хеле фоидаовар буд. Бозии анҷомдодаи бачагон ба ҳама хеле писанд омад. Мутахассисони мо қайд мекунанд, ки футболбозони наврас хеле меҳнатдӯст буда, ҳамаи мулоҳизаҳоро нисбати худ ба назар мегиранд. Чун натиҷа билохира бар дастаи «Истра» пирӯзӣ ба даст оварда шуд."

Баъди анҷоми сафар ба «Аякс» Муҳаммадҷон Раҳмонов нақшаҳои бузургро барои худ пеша намуд: "«МегаФон ба ман ва бачагони дигар имкони беназири машқ намудан бо мутахассисони касбиро фароҳам овард. Қаблан чунин вохӯрӣ танҳо дар як гӯшаи орзӯҳоям қарордошт. Акнун барои ман нигоҳдории донишҳои бадастоварда ва такмилдиҳии маҳорати футболозӣ басо аҳамиятнок аст. Дар маҷмӯъ, минбаъд манн танҳо ва танҳо машғули машқ хоҳам буд!»
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)