Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:57

Нигаронии генерали тоҷик аз фаъолшавии экстремистон дар Фейсбук

2 июл 2013, 15:28

Ҷурахон Зоиров, генерали Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ раванди нави киберҷинояткорӣ ва таъсир ба амнияти иттилоотӣ тавассути шабакаи Фейсбуку дигар сомонаҳо майли афзоиш дорад.

Зоиров, ки рӯзи 2-юми июл дар ҳошияи конференсияи минтақавӣ оид ба проблемаҳои ҷиноятҳои кибернетикӣ, бо хабарнигорон суҳбат мекард, изҳор дошт, ки дар пасманзари ҳаводису нооромиҳо дар ҷаҳони араб ашхосу гуруҳҳои алоҳидаи террористию эктремистӣ барои ташвиқи ғояҳояшон тавассути сомонаю шабакаҳо, ҷумла Фейсбук фаъол шудаанд. Ӯ афзуд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд мутахассисонро сафарбар кардаанд. Ба гуфтаи генерали тоҷик мутахассисон дар Чин, Русия ва дигар кишварҳое, ки дар бахши мубориза бо киберҷинояткорӣ пешрафтаанд, омода мешаванд.

Ҷурахон Зоиров мегӯяд, дар пайи санҷиш муайян кардаанд, ки дар паси бархе аз сомонаҳо, аз ҷумла irshod.ru ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ меистанд, ки дар талоши дахолат ба вазъ дар Тоҷикистонанд. Генерали тоҷик мегӯяд, бо такмили малакаи мутахассисон муборизаро дар ин самт густариш медиҳанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Некруз

  • 2 июл 2013 17:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Генерал рост мегуяд! Аз хами фанатикхои "Фейсбук"-у "Одноклассники" безор шудем! Мехоханд хама айнан мисли онхо зиндаги кунанд! Саволгузоришона напурс! Сад бор мегуй ман хам мусалмонам, боз савол равон мекунанд ту масалмони? Намедонам инхо чи мехоханд. Шояд чанг! Агар ха, пас бидонанд ки чанг феъли саг аст!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!