Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:30

Дар Душанбе роҳҳои мусоидат ба тиҷорат ва масоили амалӣ намудани қонунгузории нави андозро баҳс мекунанд

2 июл 2013, 17:38

Шаҳри Душанбе мизбони нишасти мавсум ба «Мусоидат ба соҳаи бизнес дар самти амалӣ намудани қонунгузории нави андоз, ҳамчунин ҷамъи пешниҳодҳо ва омода сохтани тавсияҳои мувофиқ» мешавад.

Тавре ба «Озодагон» аз Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМҶТ), ки аз созмондиҳандагони ин нишаст аст, хабар доданд, чорабинии мазкур соати 15:00-и 5-уми июл дар толори миллии меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор мешавад.

«Ин лоиҳа барои маълумотнок кардани намояндаҳои соҳаи бизнес тавассути равшанӣ андохтан ба қисмҳои муҳими қонунгузрии нави андоз, шиносоӣ бо ҷобаҷогузории ҳисоботи нав, пур кардан ва пешниҳод намудани шеваи ҳисоботи андоз ва супоридани молиёт, ҳамчунин пардохти андозҳо дар шакли электронӣ равона шудааст»,-афзуд манбаъ.

Дар нишаст кормандони масъули сохторҳои дахлдори давлатӣ, намояндаҳои бахши хусусӣ, рӯзноманигорон, коршиносон, роҳбарони бизнес-ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Ба ҳайси коршинос дар нишаст мутахассисони Кумитаи андоз, Вазорати молия ва намояндагони IFC, Иттиҳоди байналмилалии молиявӣ баромад мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!