Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:04

Маҳкумияти боз як модари ҷавон барои “авбошӣ” дар Хуҷанд

3 июл 2013, 09:31

Заррина Сангинова, яке аз 5 ҷавонзани муттаҳам ба авбошӣ дар вилояти Суғд ба як соли зиндон маҳкум гардид.

Шӯҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи Хуҷанд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳукми суд нисбати се нафари дигар 19-уми июн содир шуда буд ва як нафари дигар ба Русия фирор кардааст ва ва айни ҳол дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 19 уми июн бо ҷурми авбошӣ се модари ҷавонро як солӣ ба зиндон маҳкум намуда буд.

Аҳроров мегӯяд ин занҳо моҳи октябри соли 2012 дар клуби шабонаи “Хваканта” зимни қайди зодрӯзи як дугонаашон занозанӣ кардаанд: “Дар ин шабнишинӣ 23 зан ҳузур доштаанд ва дар паи муноқиша 2 нафарашон ба ҳавлии клуби мазкур баромада занозанӣ ва рӯйканию мӯйканӣ кардаанд. Ҳамон замон нисбати 2 нафараш парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми авбошӣ кушода шуда ба суд равон гардид. Зимни мурофиаю тафтишот муайян гардид, ки 3 нафар зани дигар низ дар ин ҷанҷол иштирок доштаанд ва нисбати онҳо низ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Аз ин панҷ зан чортоашон айни ҳол боздошт шуда ва нисбаташон як соли ҳукм бароварда шуд, зани панҷум дар ҷустуҷӯ қарор дорад.”

Аҳроров дар мавриди занҳое, ки яксолӣ ҳукми зиндон гирифтаанд, афзуд, ки аз сабаби доштани кӯдаки хурдсол ва таъмингари оила будани ин занҳо, татбиқи ҳукм нисбати онҳо, то 8-сола шудани кӯдаконашон мавқуф гузошта шуд. Додрас изҳор дошт, ки маҳкумшудагон аз қарори додгоҳ розӣ мебошанд: “Ин занҳо як нафараш сокини шаҳри Ваҳдат, як нафари дигар сокини ноҳияи Ҳисор, нафари дигар сокини шаҳри Душанбе ва 2 нафараш сокини ноҳияи Ашт мебошанд.”



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!