Бахшҳо

Абдуҷаббор Раҳмонов: Афзоиши номиналии хароҷоти соҳаи маориф дар ҳаҷми 27 маротиба

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқоти вазири маорифи Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав сурат пазируфт.

Тавре ба «Озодагон» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, зимни нишаст Абдуҷаббор Раҳмонов аз ҷумла қайд кард, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва беҳтар шудани имкониятҳои молиявии давлат имконият фароҳам овард, ки маблағгузории соҳаи маориф ба андозаи назаррас зиёд карда шавад. Масалан, агар соли 2000 барои соҳаи маориф ҳамагӣ 41 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2010 ба 1092 миллион сомонӣ расидааст, ки афзоиши номиналии хароҷоти соҳаи маориф дар муддати 10 сол қариб 27 маротиба афзуд. Бо назардошти ин таъкид гардид, ки дар се соли оянда музди меҳнати кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва илм ду баробар, аз ҷумла аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад. Дар ин миён Донишгоҳи давлатии  Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар канор нест. Вазири маориф афзуд, масъулин ва  устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро зарур аст,  ки дар мавриди таҳкими пояҳои моддию техникӣ, ҷиҳати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмию тадқиқотӣ, истифодаи технологияи компютерӣ ва рушди тафаккури техникии ҷавонон, истифодаи усулҳои муосири донишандӯзӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, тарбияи олимони ҷавон, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, истифодаи илм дар истеҳсолот,  робитаи оила ба донишгоҳ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии падару модарон чораҳои амалӣ андешанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)