Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:48

Сиёҳсарҳо барои гуноҳи нокардаашон ба зиндон кашида мешаванд

18 июл 2011, 07:47

Дар яке аз истгоҳҳои нақлиёти Маскав шахси номаълум дар миёни издиҳоми мардум ба синаи духтари ҷавон корд зада гурехтааст.


Бино ба маълумоти пулиси Маскав ҳодиса дар кўчаи Поляна соатхои 11-и ҳамин шаб рух додаст. Ба гуфтаи мақомот миёни ҷавони сиёҳсари қафақозиандом ва бонуи рус ҳамдигарнофаҳмӣ рух дода, дар натиҷа гўё ҷавони қафқозӣ ба синаи духтари 23- сола бо корд зарба задааст. Бар асари ҷароҳати бардошта ин духтар  ҳангоми  интиқол ба бемористон дар мошини ёрии таъҷилӣ  фавтидааст.
Ва аммо шоҳидони дигари ҳодиса мегўянд, ин бону бо ҷавони русе якҷо аз тарабхона бадар шуда будааст ва ҳарду хам сархуш будаанд.
Дар ҳамин ҳол коршиносон аз ҳолатҳои зиёди печонидани ҷиноятҳо ба мардуми сиёҳсари мусулмон аз сўи пулис изҳори нигаронӣ мекунанд.
Кароматулло Иброҳимов, як муҳоҷири тоҷик ба хабаргузории «Озодагон» гуфт,   борҳо шудааст, ки барои ҳодисаҳое, ки дар атрофи манзили иқоматашон сар задаст, дар шўъбаҳои пулис соатҳо ва ҳатто рўзҳоро паси сар карда, чанд ҷавони мусулмон барои гуноҳҳои нокардаашон ба кунҷи зиндон рафтаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!