Бахшҳо
26 июн 2013 10:40Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Сокинони рустоҳои ҷанубии шаҳри Ваҳдат мегӯянд, се моҳ боз дуди ғализи корхонаи семент онҳоро нафасгир мекунад, вале касе нест, ки ба додашон бирасад. Гуфта мешавад, ин дуд ба зиёда аз 30 деҳаи шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ паҳн мегардад.

Муҳаммадшариф Ҳисориев, як сокини шаҳри Ваҳдат ба “Озодагон” гуфт, бо имзои бештар аз 150 сокини чор деҳаи атрофи корхона унвонии раиси шаҳри Ваҳдат, додситон ва шӯъбаи экологияи шаҳр аризаи дастҷамъие навишта, хостори рафъи ин мушкил шудаанд, аммо бо гузашти наздик ба як моҳ аз ҳеч ниҳоде посух дарёфт накардаанд.

Ҳисориев мегӯяд, худи ӯ дар рустои Шӯри Поёни ҷамоати деҳоти Карим Исмоил зиндагӣ мекунад, ки дар наздикии корхона ҷойгир аст: «Дар миёни деҳаҳои Шӯри Боло ва Шӯри Поён заводи «Керамзит» мавҷуд аст, ки дар аҳди Шӯравӣ фаъолият карда, тахтасанг истеҳсол мекард. Ҳудуди чор моҳ бештар кадом як ширкати чинӣ онро иҷора гирифта, семент тавлид мекунад. Дуди ғализи ин корхона ба рустоҳои атроф паҳн шуда, ба саломатии сокинон таъсири манфӣ расондааст. Баъд аз шикояти сокинон чанд вақт шуд, ки фақат шабона фаъолият мекунанд. Баъд аз соати 22:00 дуд тамоми атрофро фаро мегирад. Саҳар вақте аз хоб мехезӣ димоғҳо маҳкам шуда, ба сӯзиш медарояд».

Вай афзуд, миёни сокинон онҳое, ки бемории қалб ва дигар маризиҳо доранд, кам нестанд ва дуди ғализ сабаби хуруҷи касалиҳояшон мешавад. Ҳолатҳои маргу мир ҳам афзоиш ёфтааст. Муҳаммадшариф Ҳисориев мегӯяд, аз таъсири дуди корхона зироат ва дарахтонашон низ хушк шудаанд.

Сокинони рустоҳои атрофи корхонаи семент мегӯянд, соҳибони он бояд ҳадди ақал қубур (лӯла)-и баланди дудбаро насб кунанд, то таъсири бади дуд ба мардум камтар шавад. «Мегӯянд, кадом як доруе ҳаст, ки дудро маҳв мекунад ва ҳар вақт ки корхонаро тафтиш омаданд, ширкати хитоӣ онро истифода мебарад. Дар ҳолатҳои дигар мардум зери дуд мемонад»,-мегӯяд, сокини деҳаи Шӯри Поёни Ваҳдат.

Мусоҳиби мо илова кард, “бештар рустоҳои Шӯри Поён, Карсанг, Неъматобод, Бузбит, Ҳаштуми март, колхозҳои Гулистону Тилои сафед, ки панҷ деҳаро дар ҳайат дорад, колхози Гулистон, совхози Телмон зери дуди корхонаи семент мондаанд. Агар шамол гирдоб диҳад (завод дар назди дарёи Элок ҷойгир аст ва бод дуди онро то дуриҳо мебарад), деҳаҳои Шӯри Боло, Исроилобод, Арбобдара, Найдара низ аз ин дуд азият мекашанд. Ҳатто чанд нафар аз Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба Ёвон наздик аст, гуфтанд, ки дуд ба деҳаи онҳо ҳам мерасад.”

Агар аз роҳи Душанбе-Ваҳдат ба тарафи дасти рост нигоҳ кунед, баръало хоҳед дид, ки дуди ғафзи ғализ чӣ гуна то ноҳияи Рӯдакӣ паҳн мешавад. Агарчӣ ин дуди ғафсро аксарият, аз ҷумла мақомот низ мушоҳида мекунанд, вале то ҳол барои рафъи он чора наандешидаанд. Маълум нест, ин дуди ғафси чӣ сирре дорад, ки дасти касе то он намерасад.


Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)

Ваҳдат: Дуди семент сокинонро нафасгир кардааст (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)