Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:32

Сароянда узвҳои баданашро ба ниёзмандон мерос гузошт

18 июл 2011, 09:15

Наталя Ветлитская, хонандаи маъруфи жанри попи Русия дар васиятномаи худ узвҳои баданашро ба ниёзмандон мерос гузоштааст.



Бегурдае, ки ба васияти гурда сабаб шуд
Дар васиятномаи сарояндаи 46 сола чунин омадааст: "баъди маргам тамоми узвҳое, ки имкони пайвандсозияшон мавҷуд аст, бояд ба беморони ниёзманд дода шавад». Наталя дар сӯҳбате ба маҷаллаи  "Асрори Ситораҳо» (Тайны Звезд) гуфтааст, шояд қалби ман, гурдаҳоям, шушам нафареро аз марг наҷот диҳад.
Сабаби чунин васияти ҳунарпешаи маъруфи рус як фоҷеа будааст, ки ба қавли Ветлитская «онро ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад кард». «Вақти дар беморхона табобат гирифтанам ҷавонеро дидам, ки солҳои дароз дар интизори гурда бо азоби алим ҷон дод. Ин писарак ҳамагӣ 21 сол дошт ва дар интизори донор аз олам чашм пӯшид». Ин ҳодиса ба Ветлитская ба ҳадде таъсир гузоштааст, ки баъди аз касалхона ҷавоб шудан зуд ба нотариус рафта васиятнома навиштааст.

Карераи зани 8-шавҳара хотима ёфт
Наталя Ветлитская 17 августи соли 1964 дар шаҳри Маскав таваллуд шудааст. Соли 1979 мактаби мусиқиро бо ихтисоси навозандаи фортепиано бо медали тилло хатм намудааст. Соли 1988 ба гурӯҳи овозадори «Мираж» пайваст. Баъди солҳои 1996  аз гурӯҳи мазкур канор рафт ва дар алоҳидагӣ ба эҷод машғул шуд. Ситораи эстрадаи шӯравӣ ва Русия маҳсуб мешавад. Даври беҳтарини шӯҳрати ӯ солҳои 90-и аспи гузашта буд.
Аз соли 1994 то 2004 9 маҷмӯи сурудҳояш нашр шуда, дар ҳашт филм (1983-2003) иштирок кардааст.  
Ветлитская дар баробари овозхонӣ хайрхоҳӣ низ мекунад. Аз соли 1999 ба таври пайваста ба кӯдакони беморхонаи касалиҳои асабу рӯҳи № 4 (воқеъ дар рустои Николи ноҳияи Рузск) кӯмаки молӣ мерасонад.
Шояд зиндагии шахсии ӯ низ барои баъзе хонандаҳо ҷолиб бошад. Наталия бо сершавҳарӣ «маъруф» аст. Чор шавҳари қонунӣ кардаву чор ақди шаҳрвандӣ бастааст.
Соли 2004 духтар таваллуд намуд ва бо ҳамин ба фаъолияти эҷодияш хотима бахшид.

Сарояндаҳои тоҷик кай васият мекунанд?
Намояндаҳои шоу бизнес дар Тоҷикистон талош мекунанд, то ҳамеша монандиҳои зиёде бо хориҷиён ба вижа русҳо дошта бошанд: дар танзими мусиқӣ, хондани суруд, таҳияи клип. Шояд рӯзе хабари васияти хонандаҳои тоҷик низ дар саҳифаи расонаҳо мардуми кишварро дар ҳолати шок қарор бидиҳад, ҳарчанд чунин тасмим аз сӯи сарояндаҳо боварнакарданист. Ба ҳар сурат барои хонанда хело ҷолиб аст, донистани ин хабар, ки Сурайё Қосимова, Шабнами Тоҷиддин, Садриддини Наҷмиддин, Зикруллоҳ Ҳакимов, Фирӯза Ҳафизова ва амсоли инҳо кадом узвҳои баданашонро (албатта онҳоеш, ки солим ва мувофиқи қавоиди тиббӣ пайвандсозияшон мумкин аст) мерос мегузоранд…    {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!