Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:19

Чор голи беҷавоби «Истиқлол» ба дарвозаи «Куктош»

28 июн 2013, 10:15

Имрӯз, 28-уми июн дар шаҳри Ваҳдат тақдири дастаи дуюме, ки ба даври ниманиҳоии мусобиқаи минтақаи Душанбе барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳхат мегирад, муайян хоҳад шуд.

«Хайр»-и Ваҳдат бо ССКА «Помир»-и Душанбе, ки қабл аз муҳлат ҷои ½-ро соҳиб шудааст, бозӣ мекунад. Барои ба даври дигар баромадан ба «Хайр» танҳо мусовӣ басанда аст. Дар сурати мағлубияти «Хайр» бо тавофути беш аз се гол «Истиқлол» ба ½ финал роҳ хоҳад ёфт.

Дар бозии севуми мусобиқаи минтақавӣ «Истиқлол»-и Душанбе ба дарвозаи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ (лигаи аввал) чор голи беҷавоб зад. Ҳисобро Ҷаҳонгир Эргашев боз намуд. Ӯ дар дақиқаи 25-ум ба дарвозаи ҳариф гол зад. Дар дақиқаи 59-ум Александр Кудряшов голи дуюмро вориди дарвозаи «Куктош» намуд. Толиб Султонов дар дақиқаи 70 ва Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 87-ум ду туби дигарро ба самар расонданд.

Ба ин минвол «Истиқлол» аз се бозӣ 4 имтиёз гирифт. Тими «Хайр»-и Ваҳдат низ бо як бозии анҷомнашуда ҳамин қадар хол дорад.

Ҷоми ФФТ аз ду давра иборат аст. Марҳалаи аввал дар ду минтақа - Душанбе ва вилояти Суғд баргузор мешавад. Аз ҳар минтақа ду дастаи беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд ва ду дастаи ғолиби бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал бозӣ хоҳанд кард.

Ба ғолиби сабқат 20 ҳазор сомонӣ ва Ҷоми ФФТ тақдим мегардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!