Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:00

8 миллион доллар. Маблағе, ки Тоҷикистон дар 5 моҳ ба хориҷа барқ фурӯхтааст

27 июн 2013, 14:54

Тайи моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи беш аз 8 миллион доллар ба хориҷ нерӯи барқ содир кардааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда зиёда аз 2 маротиба бештар мебошад.

Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар панҷ моҳи аввали соли 2012 ба хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 4 миллиону 286 ҳазор доллар нерӯи барқ интиқол ёфта буд.

Тоҷикистон қасд дорад соли ҷорӣ содироти барқро ба хориҷа то 3 миллиард кВт/соат расонад, ки нисбат ба соли гузашта ҳудуди 5 баробар зиёдтар мебошад. Ҷумҳурӣ метавонад дар фасли гармо то 6 миллиард килловат соат нерӯи барқро ба хориҷ содир кунад, вале бо далели набудани хатти интиқол ин имконият истифода намешавад.

Соли гузашта обе, ки бо истифодаи он Тоҷикистон метавонист 6,5 миллиард килловат соат нерӯи барқ тавлид кунад, бе истеҳсоли барқ аз обанборҳои кишвар раҳо шуда, дар натиҷа Тоҷикистон ҳудуди 204 миллион доллари амрикоиро аз даст додааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!