Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:32

“Газовик”-и Оренбург ба Фарҳод Восиев оғӯш кушод

28 июн 2013, 09:58

Клуби «Газовик»-и Оренбург Фарҳод Восиев, футболбози 23-солаи тоҷикро, ба ҳайати худ даъват кардааст.

«Газовик» баъди як сол ба дивизиони аввали Лигаи миллии футболи Русия баргашта, ҳоло дар Маҷористон (Венгрия) тамрин дорад. Фарҳод Восиев низ дар ҳамон кишвар ба ҳайати даста пайваст.

Фарҳод Восиев 14-уми апрели соли 1990 дар Душанбе ба дунё омада, солҳои 2005-2006 бозингари тими ССКА “Помир”-и Душанбе буд. Солҳои 2007-2009 дар ҳайати дувуми «Сатурн»-и Раменское бозӣ кардааст. Дар ҳайати асосии «Сатурн» ӯ ҳамагӣ ду бозӣ анҷом дода, соли 2010 дар «Криля Советов» (Самара), соли 2011 дар «Жемчужина-Сочи» ҳунарнамоӣ дошт. Аз моҳи августи соли 2011 узви дастаи «Шинник»-и Ярославл буд.

Фарҳод Восиев, ки инчунин шаҳрвандии Русияро пазируфтааст, аз моҳи январи соли 2013 дар дастаи “Волгар”-и Астрахан (Аштархон), дар дивизиони аввали Русия бозӣ мекард.

Фарҳод Восиев дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё шудааст. Аз соли 2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Аз ин пештар хабар расида буд, ки ду клуби дигари Русия -«Уфа» ва «Нефтехимик» ба бозингарони тоҷик тиаваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Бино ба иттилои торнамои ФФТ бошгоҳи футболи Бошқирдистон Нуриддин Давронов ва клуби Нижнекамс Ҷаҳонгир Ҷалилов, нимҳимоятгарони тими миллии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор додаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!