Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:42

Курсиҳои парлумони Тоҷикистон то 15 август холӣ мемонад

28 июн 2013, 11:03

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, то рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ ба таътил баромаданд. Ин хабарро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, дар ҷаласаи рӯзи 28-уми июни парлумон эълон кард.

Оқои Зуҳуров, ки аз кори вакилони мардумӣ натиҷагирӣ мекард, онро нисбат ба соли гузашта “серҳосил” номид. Ба қавли ӯ, дар ин давра аз ҷониби вакилон 187 қонуну аснод ва 25 қонуни мукаммал қабул карда шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, аксари ин қонунҳо муҳим буда, ба таври шаффоф, яъне дар пайи ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, қабул шудаанд. Барои мисол, ӯ аз қабули қонуни нави матбуот ёдоварӣ намуд.

Раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, дар ин давра ба унвони вакилони парлумон аз тарафи шаҳрвандон ҳудуди 600 нома расидааст, ки дар аксари онҳо аз адами адолати додгоҳӣ шикоят мешавад. Оқои Зуҳуров афзоиши номаи доди сокинонро ба камбуди фаъолияти идораҳои давлатӣ вобаста донист ва гуфт, барои ҳалли ин мушкил бояд як мониторинг гузаронда шавад.

Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки мулоқоти миёндаврии вакилон бо интихобкунандагон бояд ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, депутатҳо ҳарчи бештар аз почтаҳои электронӣ истифода намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!